Конфронси байналхалқӣ оид ба масоили адлияи ҷиноятӣ дар мубориза бар зидди терроризм
- Details
- Нашр гардид 14 Ноябр 2014
Вазорати корҳои хориҷии Изроил дар шарикӣ бо Раёсати таҳдидҳои фаромарзии идораи марказии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва бахши пешгирии терроризми Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (СММ ММҶ), ҳамчунин дар машварат бо Роҳбарияти Иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои Амнияти СММ (РИКЗТ) аз 10 то 12 ноябри соли 2014 конфронс оид ба адлияи ҷиноятӣ дар мубориза бар зидди терроризмро ташкил карданд. Дар рафти конфронс, ки дар Тел-Авив баргузор гардид, намояндагони 28 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди байналмилалии Академияҳои полис дар Баҳрайн
- Details
- Нашр гардид 31 Октябр 2014
Бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон роҳбарияти Академияи ВКД-ии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) дар нишасти ҳафтуми Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди байналмилалии Академияҳои полис (INTERPA), ки аз 21 то 23 октябри соли 2014 дар Баҳрайн шуда гузашт, ширкат варзид.
Мулоқоти навбатии Зергурӯҳи корӣ дар ш. Қӯрғонтеппа
- Details
- Нашр гардид 30 Октябр 2014
Мулоқоти навбатии Зергурӯҳи корӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия рӯзи 28 октябри соли 2014 дар дафтари минтақавии САҲА дар ш. Қӯрғонтеппа баргузор гардид.
Чорабиниҳои варзишӣ
- Details
- Нашр гардид 30 Октябр 2014
Чун анъана, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш соли охир лоиҳаи “Гузаронидани чораҳои пешгирикунанда тавзеҳотии зиддимухаддиротӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ”-ро ба воситаи маблағгузории иқдомҳои варзишӣ, маданӣ ва оммавӣ таҳти шиори “Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир” татбиқ менамояд.Хотиррасон мекунем, ки моҳи марти соли равон спартакиада ташкил карда шуда буд.