Стратегияи ислоҳоти милитисияи Тоҷикистон

Стратегияи ислоҳоти милитсия то соли 2020 санадест, ки сиёсати давлатро дар мавриди мубориза бо ҷинояткорӣ муайян намуда, чороҷӯиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ислоҳот ва рушд додани милитсия дар муддати муайян инъикос мекунад.

Стратегия пас аз гузаронидани баҳогузории ниёз ва талаботи Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз ҷониби коршиносони миллӣ бо дастгирии Дафтарии САҲА дар Тоҷикистон таҳия карда шуд. Баҳогузорӣ бошад, аз ҷониби гурӯҳи коршиносони САҲА дар соли 2008 дар такя ба натиҷаҳои семинар дар мавзӯи «Баҳогузории ислоҳоти милитсия», ки аз 9 то 20 ноябри соли 2009 гузашт, омода шуд.

Стратегия барои муайян намудани ҳадафу чораҳо дар самти ислоҳот ва рушди милитсия равона гардонидааст. Зеро маҳз ислоҳоти милитсия ба ҳалли масалаҳои мубрами иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат намуда, ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015 мувофиқат мекунад.

Дар санади мазкур барои таъмини рушди мақомоти қудратии Тоҷикистон бо дар назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ дар дар самти таҳия ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои ба ин монанд, ҳамчунин хулосабарориҳо аз давраҳои гузаштаи ислоҳотии милитсия ва шароити кунунӣ, усули нави муносибат дар ин соҳа оварда шудаанд.

Стратегия дар асоси Барномаи дурнамои рушди милитсия, ки бо ҳамкории судманди Ҳукумати ҶТ, мақомоти қудратӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳолӣ ва созмонҳои байналмилаливу сармоягузорон амалӣ хоҳад шуд.

Дар Стратегия шароит ва тағйиротҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ба амал меоянд, ба назар гирифта мешаванд.

 

Скачать Стратегию Реформы Милиции

 

 

Шарикон