ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ОИД БА МУСОИДАТИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БА ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ ДАР НАЗДИ РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
- Details
- Нашр гардид 23 Октябр 2019
ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ОИД БА МУСОИДАТИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БА ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ ДАР НАЗДИ РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Ҳамкории Шӯрои ҷамъиятӣ бо САҲА
- Иштироки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар семинару тренингҳои САҲА доир ба масоили ислоҳоти милитсия гузаронидашаванда, таъмини молиявии ин чорабиниҳо;
- Таҷҳизонидани утоқи кории Шӯрои ҷамъиятӣ бо интернет, воситаҳои алоқа, техникаи компутерӣ, чопкунӣ, маводи канселярӣ;
- Таъмини аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ бо маводи зарурии тарғиботиву ташвиқотӣ;
- Ташкил ва маблағгузории сафарҳои кории аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ба манотиқи гуногуни кишвар ва берун аз он ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ислоҳоти милитсия.
Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
1. Шоназаров Лоҳутӣ, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ.
2. Сафарова Асалмо, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ.
3. Усмонова Қундузой, роҳбари ТҶ “Бонувони Панҷ”, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
4. Низомова Мадина, ТҶ “Ғамхорӣ”, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
5. Азимов Ҳайдаршо, омӯзгори ДДБ ба номи Н. Хусрав, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
6. Ҳақбердиева Райҳона, роҳбари ТҶ “Дилафрӯз”, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
7. Ҷумъаева Раънохон, роҳбари ТҶ “Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис”, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
8. Сабуров Баҳодур, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
9. Ҷабборов Давлат, ТҶ “Бонувони фардо”, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
10. Шоимов Абдумуъмин, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
11. Баротов Шаҳриёр, ТҶ “Заршедабону”, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
12. Абдуллоев Файзулло, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
Ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ
- мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо;
- иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия, созмон додани механизмҳои гуногуне, ки муҳокимаи ошкоро ва оммавии ислоҳоти милитсияро дар ҳама марҳилаҳои он, таъмин мекунанд;
- дар мавзӯи ислоҳоти милитсия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани интизориҳо ва пешниҳодоти шаҳрвандон, ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳамкорӣ байни милитсия ва ҷомеа;
- ташкили назоратбарӣ аз болои баинобат гирифтани дархостҳои ҷамъиятӣ дар рафти ислоҳоти милитсия, рушд ва минбаъд мукаммал гардонидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ, демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ;
- таҳияи механизм ва таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вогузор намудани вазифаҳо барои милитсия ва дар баҳодиҳии иҷроиши онҳо, таъсиси фаолияти шаффофи милитсияи барои шаҳрвандон.
Вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ
- ҷалби шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ, дар соҳаи пешгирии қонуншиканиҳо;
- омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар ҷомеа, ҷиҳати мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо;
- баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқи давлат, наздик намудани милитсия бо аҳолӣ, тақвияти мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма оид ба минбаъд мустаҳкам намудани давлати ҳуқуқбунёд;
- таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар муҳокимаҳо ва амалӣ кардани механизмҳои гуногуне, ки дар ҳама марҳалаҳои ислоҳоти милитсия мубоҳисаи ошкоро ва оммавиро фарогир бошад;
- таҳияи «Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ»;
- расонидани кӯмакҳои машваратӣ, методӣ ва дигар намуди дастгириҳо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ;
- бо мақсади холисона ва ҳамаҷониба пешкаш намудани ахборот ба аҳолӣ оид ба масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҷалб намудани намояндагони васоити ахбори омма;
- таҳияи пешниҳодҳо барои ҳалли масоили ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ равонашуда ва амалисозии чорабиниҳои муштарак;
- омода намудани ченакҳои баҳогузории пешакӣ, хулосаҳо ва пешниҳодҳо доир ба мукаммалгардонии фаъолияти милитсия, ки аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд;
- таъмини иштирок ва фаъолияти ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошанд, дар ҳайати Комиссияи махсуси назди Сарнозири Вазорат. Намояндагони мазкур аз тарафи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ таъин карда мешаванд. Шӯрои ҷамъиятӣ бояд ба поймол гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон, ташкилотҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки зери фишори ғайриқонунӣ қарор гирифтаанд, диққат зоҳир намуда, чунин ҳолатҳоро санҷиш намуда, мутобиқ ба талаботҳо тавсияҳо таҳия намояд;
- бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилӣ иштирок намудан дар имтиҳоноти қабули номзадҳо ба курсантӣ ва шунавандагони муассисаҳои таълимии Вазорат, инчунин имтиҳоноти сессиявии онҳо;
- ҷиҳати холисона ва ҳаматарафа баҳогузорӣ намудани шахсони барои хизмат ба мақомоти милитсия қабулшаванда иштирок дар кори комиссияҳои аттестатсионии Вазорат ва раёсатҳои корҳои дохилӣ, ки тартиби онро Вазири корҳои дохилӣ муайян мекунад;
- таҳияи барномаҳо, консепсияҳо ва пешниҳодҳое, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, устувор намудани давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар Тоҷикистон, равона шудаанд.
Ҳуқуқҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ
- оиди ҳама гуна масъалаҳои фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои кории он фикру ақидаи худро озодона баён намояд, дар музокираи ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок карда, ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои баррасишаванда таклифу дархостҳо пешниҳод намояд;
- номзадҳоро барои интихоб ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод намояд ва фикру мулоҳизаи худро нисбати онҳо иброз намояд;
- дар таҳияи маводҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, инчунин лоиҳаи қарорҳо ва амалисозии қарорҳои қабулшуда, иштирок намояд;
- ба вазифаҳои интихобии Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб шавад ва интихоб намояд;
- номзадии худро ба вазифаҳои Раис ё муовини ӯ пешбарӣ намояд ва барномаи кории худро дар муҳлати се соли оянда пешниҳод намояд;
- бо протоколҳо ва маводҳои ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои Шӯрои ҷамъиятӣ шинос шавад;
- дар ҳолати норозӣ будан бо қарори Шӯрои ҷамъиятӣ ё Гурӯҳи корӣ, фикру мулоҳизаи худро хаттӣ пешниҳод намояд, ки он ба қарор замима ва ба протоколи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ё гурӯҳи корӣ ворид карда мешавад;
- бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилӣ ба биноҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ, ҷойҳои нигоҳдории маваққатии гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон дар содир кардани ҷиноят, инчунин шахсони барои содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд, ташриф оварад;
- тибқи муроҷиати шаҳрвандон аз натиҷаи баррасии аризаҳо оид ба поймол шудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ, шинос шавад;
- ҷиҳати гузаронидани санҷишҳо дар бобати аз ҷониби кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дар мувофиқа бо Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ба Вазири корҳои дохилӣ ё шахсони мансабдори аз ҷониби ӯ ваколатдоршуда, дархост пешниҳод намояд;
- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва дар мувофиқа бо Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ба ҳамагуна мақомотҳои давлативу ҷамъиятӣ бо дархостҳо, таклифҳо ва пешниҳодҳо муроҷиат намояд ва оид ба натиҷаи ҳалли онҳо, посух гирад;
- аз фаъолияти асосиашон дур нашуда, вазифаҳои ҷамъиятии худро бо таври ройгон иҷро намояд;
- ҳангоми доир гардидани ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ва сафарҳои хизматӣ аз иҷрои вазифаҳои асосии хизматии худ бо пурра нигоҳ доштани музди маоши асосӣ, озод карда шавад.
Саҳифа дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук: @publccounsilKhatlon
Телефони боварии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: (+992 37) 221 21 21
Телефони боварии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон: (+992 3222) 2 13 13
Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. Суроға: шаҳри Бохтар, кӯчаи Осимӣ, 1. телефон (+992 3222) 2 05 00, 44 640 00 30
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шоназаров Лоҳутӣ Қурбонович, телефон (+992 93) 830 38 30, почтаи электронӣ
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Заминаи ҳуқуқии таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия
1. Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 – 2020 (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.03.2013, таҳти № 1438 тасдиқ гардидааст)
2. Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014 – 2020 (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014, таҳти № 296 тасдиқ гардидааст)