Чорабиниҳои варзишӣ
- Details
- Нашр гардид 30 Октябр 2014
Чун анъана, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш соли охир лоиҳаи “Гузаронидани чораҳои пешгирикунанда тавзеҳотии зиддимухаддиротӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ”-ро ба воситаи маблағгузории иқдомҳои варзишӣ, маданӣ ва оммавӣ таҳти шиори “Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир” татбиқ менамояд.Хотиррасон мекунем, ки моҳи марти соли равон спартакиада ташкил карда шуда буд.
Соли ҷорӣ аз 30 октябр то 1 ноябр Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) бо кӯмаки молии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон чорабиниҳои варзишӣ гузаронида истодааст, ки он ба 20 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни «Рӯзи милитсияи тоҷик» ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш бахшида шудааст. Чорабиниҳои мазкур таҳти шиори «Варзиш бар зидди маводи мухаддир» баргузор шуда истодаанд.
Рӯзи 30 октябр дар маҷмааи варзишии «Спитамен»-и ВКД ҶТ мусобиқаи кушод аз рӯйи намуди варзиши вазнбардорӣ байни воҳидҳои гуногуни сохтори ВКД баргузор мешавад.
Санаи 31 октябр ва 1 ноябри соли 2014 чорабиниҳои варзишӣ оид ба кикбоксинг дар байни кӯдакони соли таваллудашон 1999-2000 ва 2001-2002 баргузор хоҳанд шуд.