Мулоқоти навбатии Зергурӯҳи корӣ дар ш. Қӯрғонтеппа

Мулоқоти навбатии Зергурӯҳи корӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия рӯзи 28 октябри соли 2014 дар дафтари минтақавии САҲА дар ш. Қӯрғонтеппа баргузор гардид.

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳоти милитсия ҷ-би Али Бобоназарзода аз ВКД ҶТ, Афсари миллии равобит оид ба масоили ислоҳоти милитсия ҷ-би Ҳайдар Маҳмадиев, Афсари миллии лоиҳаи ислоҳоти милитсия ҷ-би Фирдавс Одинаев аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони ҳизбҳои сиёсии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, кормандони милитсия, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ, ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар вохӯрии мазкур ҳузур доштанд.

Мувофиқи барномаи рӯз лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба политсия» муҳокима шуда, аъзоёни зергурӯҳи корӣ бо раванди ислоҳоти милитсия шинос шуданд. Қабули зикр аст, ки дар чаҳорчӯбаи Барномаи таълими шаҳрвандон инчунин ба вохӯрӣ талабагони синфҳои болоӣ аз мактабҳои миёнаи маҳаллӣ бо мақсади ошно гардидан бо фаъолияти милитсия даъват шуда буданд, ки имконияти мушоҳида намудани раванди муколамаи лоиҳаи Қонун “Оид ба политсия”-ро доштанд.   

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ҷ-би Бобоназарзода дар баромади хеш иштирокчиёнро бо раванди ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон шинос намуда, ба иттилои онҳо расонид, ки мутобиқи Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи чорабниҳо барои амалисозии он, лоиҳаи Қонуни нав “Оид ба политсия” коркард шуда истодаст. Мавсуф аҳамияти Қонуни мазкурро таъкид намуда, иброз дошт, ки пас аз қабули он номи милитсия ба “политсия” иваз шуда, ислоҳоти сохторӣ ва функсионалӣ, инчунин тағйирот дар системаи таълимӣ ва омодагии кормандони милитсия рух хоҳад дод.    

Ҷ-би Бобоназарзода ҳамчунин ба маълумоти ҳозирин расонид, ки аз санаи 8 то 11 октябр мизи мудаввар баргузор гардид, ки ба он коршиносон аз вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ ва сафоратҳо, инчунин коршиноси байналмилалӣ аз Полша, даъват шуда буданд. Дар фарҷоми мизи мудаввар як қатор тавсияҳо оид ба Қонун қабул шуда, ҳозирин ба чунин қарор омаданд, ки лоиҳаи Қонунро кор карда бароянд.

Кормандони миллии лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия ва Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳоти милитсия аз иштирокчиёни мулоқот хоҳиш карданд, ки зимни коркарди лоиҳаи асосии қонун фаъол бошанд, зеро он минбаъд тамоми пешрафти ислоҳоти милитсияро муайян хоҳад кард. 

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор гардид.

Шарикон