Ҳамкории ҷомеа дар самти ислоҳоти милитсия

Имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе семинар-машварат дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар самти иштироки шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия» баргузор гардид.

Дар семинари мазкур муовини раиси ноҳия, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майёри милится Шодмонзода Ф. А., сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов полковники милитсия Бобоназарзода А.Б., ҳайати шахсии мақомот, раисони ҷамоатҳо, раиси Кумитаи занон ва шахсони фаъоли ҷомеа иштирок намуданд. Сарраввал, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А., оид ба ҳадаф ва дурнамои ислоҳоти милитсия ҳарф зада қайд намуд, ки мақсади асосии ислоҳоти милитсия, ин боз ҳам ривоҷ ёфтани ҳамкории судманди милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ҷараёни семинар-машварат муовини сардори шуъбаи хизмати Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД подполковники милитсия Шукуров М., дар хусуси ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, хусусан густариш додани институтҳои дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва шӯроҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти хизматӣ баромад намуд. Дар интиҳо миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, перомуни масоили мубрам ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин семинар-машваратҳо чанде қабл дар шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара низ аз ҷониби масъулини соҳа доир карда шуд.

Рухшона Шукурова

Шарикон