Конфронси байналхалқӣ оид ба масоили адлияи ҷиноятӣ дар мубориза бар зидди терроризм
- Details
- Нашр гардид 14 Ноябр 2014
Вазорати корҳои хориҷии Изроил дар шарикӣ бо Раёсати таҳдидҳои фаромарзии идораи марказии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва бахши пешгирии терроризми Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (СММ ММҶ), ҳамчунин дар машварат бо Роҳбарияти Иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои Амнияти СММ (РИКЗТ) аз 10 то 12 ноябри соли 2014 конфронс оид ба адлияи ҷиноятӣ дар мубориза бар зидди терроризмро ташкил карданд. Дар рафти конфронс, ки дар Тел-Авив баргузор гардид, намояндагони 28 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар байни онҳо кормандони калони адлияи ҷиноятӣ ва коршиносон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм – судҳо, прокурорҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони дахлдори миллӣ аз давлатҳои иштирокчии САҲА, шарикони САҲА оид ба ҳамкорӣ, коршиносони СММ ММҶ, САҲА, РИКЗТ ва дишар ташкилотҳои дахлдори байналхалқӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, аз он ҷумла сохторҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА).
Чорабинӣ ба мавзӯъҳои мазкур бахшида шуда буд: “Пешгирии акти террористӣ ба воситаи усули адлияи ҷиноятӣ, такмили тартиботи ҳуқуқӣ”; “Коркарди далелҳои ба таври махфӣ ба дастоварда: бо баёноти масоиле, ки ҳукумат ҳангоми мавҷуд будани маълумотӣ махфӣ бояд ҳал намояд”; “Тафтиш ва таъқиби ҷиноӣ дар маблағгузории терроризм”; инчунин “Мушкилоти мустақилии судӣ дар парвандаҳое, ки ба терроризм вобастагӣ доранд: нигаҳдории мустақилияти судӣ таҳти таваҷҷӯҳи бодиққат”.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили (РМЗҶМ) Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва корманди лоиҳаи ислоҳоти милитсияи Шӯъбаи мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон намояндагӣ карданд. Дар баромади худ намояндаи ВКД ҶТ роҷеъ ба фаъолияти ВКД дар мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон ва натоиҷи кори соли 2014 гуфта дод. Дар давоми 9 моҳи соли 2014 кормандони мақомоти корҳои дохилии ҶТ: 7 аъзои гурӯҳи террористии “Мусулмонони Солеҳ”, 1 – “Ҷабҳат ан-Нусра”, 12 - “Ансоруллоҳ”, 3 – “Толибон”, 2 - “Гурӯҳи ҷиноии тарафдори Эрон”, 8 – “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, 3 – “Ҷамоат ул-Таблиғ”, 4 – “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва 39 – “гурӯҳҳои яғмогарон ва ташкилотҳои ғайриқонунии мусаллаҳ”-ро боздоштанд. Дар муддати соли 2014 кормандони РМЗҶМ ВКД ҶТ панҷ акти террористиро пешгирӣ карда, як акти террористие, ки қаблан содир шуда буд, ошкор карданд ва кушоданд.