Машварати солонаи коршиносони соҳаи политсия дар Австрия (матни пурра)

Масоили глобалии ҷинояти муташаккили фаромарзӣ бидуни ҳамкории зич дар ин соҳа байни политсия ва дигар сохторҳои адолати ҷиноӣ, аз қабили мақомоти сарҳадӣ, гумрукӣ, прокурорӣ ва судӣ босамар ҳаллу фасли худро ёфта наметавонад.

Созишномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) алайҳи ҷинояти муташаккили фаромарзӣ (Созишнома) ва протоколҳои он асоси мустаҳками ҳуқуқиро баҳри пешрафт ва вусъатёбии ҳамкории фаромарзии сохтори адолати ҷиноиро таъмин мекунанд. Қарордодҳои мухталифи Шӯрои Вазирони (ШВ) САҲА ва Қарори Шӯрои Доимӣ САҲА-ро ба мусоидати татбиқи амалии Созишнома мехонанд. Алалхусус, қарордоди ШВ таҳти № 3/05 Котиби Генералиро вазифадор кард, ки давлатро бо дастгирӣ ва кӯмаки техникӣ, аз ҷумла бо таҷриба ва манбаи лозимӣ, аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии салоҳиятдор бо мақсади амалисозии шартҳои Созишнома ва протоколҳои он – бо дастгирӣ ва машварати зич бо иштирокчиёни Конфронс ва СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят таъмин намояд.  

Банди 15-и асоси стратегии меъёрӣ ва ҳуқуқии САҲА оид ба фаъолияти политсия (Қарори Шӯрои Доимӣ/1049, (соли 2012)) нақши муҳими САҲА-ро дар таъмини татбиқи пурраи бандҳои Созишнома ва дар навбати худ протоколҳои он дар ҳамкории зич бо СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят таъкид мекунад; ва САҲА-ро барои мустаҳкамкунии иқтидори ҷонибҳои салоҳиятдори манфиатдор ва вусъатёбии ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи байналхалқӣ, минтақавӣ ва миллӣ мехонад.

Азбаски хусусияти фаромарзии ҷиноятҳои вазнин ҳамкории фаврӣ, самаранок ва касбиро талаб менамояд, зарурати кор карда баромадани механизмҳои ҳамкориҳои саривақт ва бемонеа на танҳо байни мақомоти политсия, балки ба воситаи фаъолияти дақиқи минбаъда омодасохта ва ҳамоҳангсозии байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адлия вуҷуд дорад. Ба кӯшишҳои назарраси солҳои охир баҳри ба даст овардани банизомоварии муайяни амалҳо байни мақомоти политсия ва адлия нигоҳ накарда, мушкилоти зиёди дигар то ҳол ҳалли худро наёфтаанд.  

Бино бар ин, аз 17 то 18 июни соли 2014 дар ш. Вена (Австрия) машварати солонаи коршиносони политсия баргузор гардид, ки онро Дафтари асосии САҲА дар ҳамбастагии зич бо Раисии Шветсария ташкил намуда буд. Мизи мудаввари мазкур ба муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба мукаммалгардонии хамкории сохтори фаромарзии адолати ҷиноӣ алайҳи ҷинояти фаромарзӣ дар минтақаи САҲА бахшида шуда буд.  

Машварати солонаи коршиносон дар соҳаи политсия ҳамасола мутобиқи Қарори Шӯрои Вазирон таҳти №9, ШВ (9)/9, асоси стратегии меъёрӣ-ҳуқуқии САҲА оид ба фаъолияти политсия, Ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои Вазирон дар Бухарест санаи 4 декабри соли 2001 ва Қарори Шӯрои Вазирон таҳти 4/12 баргузор мегарданд. Қарорҳо ба САҲА ваколат медиҳанд, ки тибқи тартиби қабулшуда ва беҳ мешуд агар дар асоси солона, машваратҳои коршиносони соҳаи политсияро аз давлатҳои иштирокчии САҲА ва намояндагони дигар ташкилотҳои салоҳиятдори байналхалқӣ ва минтақавӣ ташкил кунанд.

Дар ҷаласа намояндагони мақомотҳои дахлдори сохтори адолати ҷиноии давлатҳои иштирокчӣ (мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, суд) аз 37 мамлакат ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳузур доштанд. 

Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур шахсони зерин намояндагӣ карданд: Муовини сардори РВКД-и вилояти Суғди ҶТ полковники милитсия Нуридин Пирумшоев, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷ-би Маҳмадзоҳир Давлатёров, Афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Ҳайдар Маҳмадиев ва Ёвари лоиҳа оид ба ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Абдуманнон Саидов. 

Дар рафти чорабинӣ ҷ-би Пирумшоев дар баромади худ зикр намуд, ки сарфи назар аз ҷанги шаҳрвандӣ, харобии иқтисодӣ ва пасон пайдоиши сарҳадҳои нав, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Хитой ва Афғонистон ба роҳ монд.  

 “Ҳанӯз соли 1998 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти махсуси ноҳияҳои сарҳадӣ ба имзо расида буд. Соли 2003 Шӯрои машваратӣ оид ба рушди тиҷорати вилоятҳои сарҳадии ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ки ба ҳайати он, аз як тараф, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, аз ҷониби дигар вилоятҳои Ош, Ҷалолобод ва Баткени Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Созишномаи шабеҳ бо Синтзян – вилояти мухтори Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Давлати исломии Афғонистон вуҷуд дорад”, - иброз намуд ҷ-би Пирумшоев.

Пас аз он ҷ-би Пирумшоев қайд намуд, ки ҳамкории фаромарзӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя аз рӯи самтҳои зерин амалӣ шуда истодааст, аз ҷумла:

татбиқи амалҳои мувофиқ кардашуда роҷеъ ба пешгирӣ, ошкоркунӣ, огоҳикунӣ, тафтишот, кушодани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;  

ба роҳ мондани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми муайян намудани макони шахсони бе ному нишон гумшуда, ҷинояткорони аз тафтишот ва суд пинҳоншуда, қабули қарор оид ба иҷроиши дархост нисбат ба бозгардонӣ ва амалисозии он ба кишвари аслии ҷинояткорони дастгиршуда;    

ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ, бехатарии оташфишонӣ, мубориза бар зидди ҷинояти фаромарзии мутташакил ва терроризм, қочоқчигӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир;

Дар итмоми баромади хеш, ҷ-би Пирумшоев якчанд таклифу пешниҳод ворид кард.    

Дар фарҷоми чорабинӣ, аъзоёни ҷаласа як қатор хулосаву тавсияҳоро қабул намуданд.

Шарикон