Ҷаласаи ҳафтуми Гурӯҳ оид ба идораи ислоҳоти милитсия

Имрӯз, 16 майи соли 2014 ҷаласаи ҳафтуми Гурӯҳ оид ба идораи ислоҳоти милитсия дар толори маҷлиси Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии (РБДА) ВКД ҶТ баргузор гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазони Ҳамро, Роҳбари Гурӯҳ оид ба идораи ислоҳоти милитсия – Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Икром Умаров, Ҳамоҳангсози миллии барнома оид ба ислоҳоти милитсия – Сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД ҶТ полковники милитсия Зумрад Солиева, роҳбарони раёсатҳо ва шӯъбаҳои мустақили Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони Академияи ВКД ҶТ, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Маркус Мюллер, Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари раёсати ҳарбӣ-сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Эрдал Дуздабон, Роҳбари Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон – Раиси гурӯҳи корӣ «Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия» Сергей Романов, Муовини ӯ Ватан Абдураҳмонов, кормандони миллии лоиҳаи ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони сафоратхонаҳову ташкилотҳои байналхалқие, дар ҶТ расман шинохта шудаанд, дар он иштирок карданд.

Дар ҷаласа Барномаи тасдиқшудаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, Нақшаи амаликунонии он, лоиҳаи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, инчунин баромадҳову маърӯзаҳои сардорони раёсатҳои ВКД, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳоти милитсия ва иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати ҳарбӣ-сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Вазир Раҳимзода Рамазон ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои дастгирии доимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории хешро изҳор намуда, ба маълумоти иштирокчиён расонид, ки 3-уми майи соли 2014 Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи амалкунонии он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 296 тасдиқ карда шудаанд. Вазир қайд намуд, ки “... ислоҳоти милитсия аз шахсоне, ки дар системаи ВКД фаъолият мекунанд вобаста буда, аз ин сабаб азнавташкилдиҳии системаи омӯзиши касбии ҳайати шахсии ВКД лозим аст. Ба мақсад расидан ва вазифаҳои ислоҳоти милитсияро ба шарофати салоҳият ва кордонии кормандони милитсия ба даст овардан мумкин аст.” Сипас генерал-лейтенант Рахимзода таъкид намуд, ки бо кӯмаки САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ як қатор чорабиноиҳо оид ба ВАО, ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ихтиёриён ва кормандони ғайриштатӣ, ташкилдиҳии назорати ҳамсоягӣ, ҳисоботдиҳии сардорони милитсия ба аҳолӣ ва ташкилдиҳии назорати ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти милитсия гузаронида шуданд. Инчунин, ӯ зикр кард, ки мувофиқи таҷрибаи Хорватия Сарнозир таъин карда мешавад, ки шахсан ба Вазири корҳои дохилӣ тобеъ буда, ба ӯ ҳисобот медиҳад.

Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки «асоси ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон - ба роҳ мондани муносибати шарикӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, барқароркунии боварӣ ба милитсия аз тарафи ҷомеа ва аҳолӣ мебошад. Тамоми чорабиниҳои ин соҳа, ки дар Барнома зикр шудаанд, ба таъсиси дар назари ҷомеа симо ва имиҷи нави иҷтимоии корманди милитсияе, ки аз коррупсия озод аст, ва ба кӯмаки шаҳрвандон равона шудаанд. Маҳз бино бар ин кормандони миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия лоиҳаи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияро омода сохтанд, ки онро мо имрӯз дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баррасӣ хоҳем кард. Пас аз тасдиқи Низомнома чунин Шӯроҳо дар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва дар Рашт ташкил карда мешаванд. Таъсиси онҳо барои иштироки мустақим ва ё ғайримустақими шаҳрвандон дар давраҳои гуногуни муҳокимаи рафти.

ислоҳоти милитсия, расондани дархосту (интизориҳо) пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба назорат гирифтани баҳисобгирии дархости ҷамъиятӣ имконият медиҳад».

«Ман фикр мекунам, ки Шӯрои ҷамъиятӣ нақши худро дар чорабиниҳои аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ гузаронида истодашуда оид ба маҳв кардани шиканҷа, истифодаи қувваи номутаносиби ҷисмонӣ аз тарафи кормандони милитсия дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ё дастгиркунии шаҳрвандон, мебозад. Кормандони милитсия бошанд истифода бурдани шиканҷаро дағалтарин поймолкунии ҳуқуқи инсон ҳисоб хоҳанд кард, ки ба ҳеҷ ҳол асоснок карда намешавад», - илова кард Сафир Мюллер.

Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба иттилои иштирокчиён расонид, ки Дафтари САҲА дар ҳамкорӣ бо шарикони миллӣ ба татбиқи лоиҳа оид ба насб кардани оинаҳои дутарафа барои гузаронидани тафриқа (ташхис) ва пурсиш дар ВКД, Прокуратураи генералӣ ва дар КДАМ шурӯъ намуд, ки он ба стандартҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад. Сафир эзоҳ дод, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур Дафтари САҲА дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Суди Олӣ Дастурамал оид ба тартиби дастгиркунӣ ва расонидан ба мақомоти корҳои дохилӣ шахсонеро, ки дар содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ гумонбар шудаанд, тарҳрезӣ хоханд кард. Дар чорчӯбаи лоиҳаи пилотии ШКД-и н. Шоҳмансур, САҲА таҷрибаи интиқоли дастгиршудагон ба ҳуҷраҳои махсуси ҷудошударо тасвиб мекунад, ки тамоми раванди нигоҳ доштан, пурсишҳо ва дигар амалҳои пеш аз таҳқиқи таҳти назорати видеоӣ қарор мегирад, ки ин ҳолатҳои истифодабарии шиканҷа ва дигар тарзу усулҳои ғайриқонуниро нисбат ба дастгиршудагон истисно менамояд.

Сухани навбатӣ ба хонум Зумрад Солиева дода шуд, ки мавсуф оид ба лоиҳаи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баромад кард.

Дар рафти мубоҳиса оид ба лоиҳаи Низомнома, ҷаноби Сергей Романов барои тарҳрезии Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ ба ВКД ҶТ ва ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон арзу сипоси хешро баён намуд. Романов гуфт, ки “бо вуҷуди он, ки Шӯроҳои ҷамъиятӣ нав ташкил шудаистодаанд, аллакай имрӯз мо қадамҳои мусбати онро – гузаронидани назорати ҷамъиятиро, дида истодаем”. Мавсуф ба Вазири корҳои дохилӣ барои дастгирӣ дар ин самт миннатдории хешро изҳор намуд.

Ҷ-би Ватан Абдураҳмонов дар қайд намуд, ки дар рафти кор ҳама гуна фаъолият такмил хоҳад ёфт. Ӯ қабул намудани Низомномаи Шӯрои ҷамъиятиро пешниҳод намуд, то ки Шӯрои ҷамъиятӣ ҳар чӣ зудтар дар рафти ислоҳоти милитсия иштирок намояд.

Сафири Қазоқистон Смагулов Агибай оид ба лоиҳаи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ шарҳу эзоҳ дод, ки онҳо дертар ба шакли хаттӣ ба ВКД ҶТ пешниҳод карда мешаванд.

Ҷ-би Эрдал Дуздабон оиди стратегияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа шарҳ дод, ки дар асоси он ҳуҷҷати САҲА «Беҳтарин таҷрибаи сохтани ҳамкорӣ байни милитсия ва ҷомеа» омода сохтааст. Ӯ илова намуд, ки Қарори (Резолютсияи) Ассамблеяи Генералии СММ оид ба қабули Кодекси рафтори шахсони мансабдор роҷеъ ба нигоҳдории тартиби чамъиятӣ изҳор мекунад, ки “...ҳар як мақомоти ҳифзи тартибот бояд ҷамъиятро куллан намояндагӣ кунад, дар назди он масъул ва тобеъ бошад”. Чӣ тавре ҷ-би Дуздабон шарҳ дод, ин ҳамкории политсияро бо шахсоне, ки ба он хизматрасонӣ мекунад, яъне шаҳрвандонро дар назар дорад, то ин ки мақсади кори худро дар ҳамҷоягӣ бо онҳое, ки ба манфиаташон амал мекунад, муайян намоянд. Консепсияи политсия дар хизмати ҷомеа ҳамкории фаъолро бо шаҳрвандон металабад, ба пешгирии ҷиноят бояд аҳамият дод, на ин ки ба таҳқиқи он.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҷ-би Икром Умаров оид ба Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи амалисозии он, инчунин оиди созмон додани механизми донорӣ баромад кард.

Сипас, Рабиев Алишер Муовини сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД дар мавзӯи лоиҳаи ВКД “Системаи электронии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо» баромад карда, қайд намуд, ки ин иқдом қадами воқеӣ дар дастрасӣ ба адлия хоҳад шавад.

Дар ҷамбасти ҷаласа Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба ҳозирин бо арзи дастгирӣ ва мусоидат ба амаликунии Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи амалигардонии он муроҷиат намуд. Дар навбати худ, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон механизми донорӣ созмон дода, кӯмакҳоро ҳамоҳангсозӣ менамояд, вале бо вуҷуди ин ба кору фаъолияти ташкилотҳои ёрирасон дахолат намекунад. Дафтари САҲА дар амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия аз ҷониби худ мусоидат карда, чӣ тавре ки ман қаблан қайд намудам, он аз ҳисоби буҷаи тасдиқшуда ва саҳми донорҳои САҲА ба роҳ монда мешавад.

Дар ҷараёни ҷаласа қарор оид ба ҳисобидани лоиҳаи Низомномаи Шӯрои Ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия чун асос қабул шуд ва Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия вазифадор шуд, ки то 1-уми августи соли ҷорӣ лоиҳаро коркард намуда, онро барои тасдиқ ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод бояд кунанд.

Шарикон