Вохӯрии Зергурӯҳи корӣ дар Хуҷанд
- Details
- Нашр гардид 21 Апрел 2014
Имрӯз, 18 апрели соли 2014 вохӯрии навбатии Зергурӯҳи корӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия бо иштироки кормандони миллии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар мулоқот аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд, ҳуқуқшиносон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд. Ҳамчунин корманди масъули РКД-и вилояти Суғд ҷ-би Турсунов дар вохӯрии мазкур иштирок намуд.
Дар рафти мулоқот лоиҳаи Низомномаи Шӯрои Ҷамъиятӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, ки аз ҷониби кормандони миллии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия тарҳрезӣ карда шуда буд, муҳокима шуд. Инчунин дигар масъалаҳо роҷеъ ба ислоҳоти милитсия баррасӣ шуданд.
Афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия Ҳайдар Маҳмадиев зикр намуд, ки мутобиқи Стратегияи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, принсипи иштироки ҷамъиятӣ дар фаъолияти милитсия: таъсиси милитсияи шаффоф барои ҷомеа ва таъмини иштироки ҷомеаро чӣ дар вазифагузорӣ дар назди милитсия ва чӣ дар баҳодиҳии иҷроиши онҳо пешбинӣ менамояд. Мавсуф иброз намуд, ки милитсия бояд то ҳадди ниҳоӣ барои аҳли ҷомеа шаффоф бошад, зеро омодагӣ ба ифшои иттилоот, ба истиснои иттилооти махфӣ ва пинҳонӣ, дар бораи фаъолияти милитсия барои таъмин намудани боварии ҷамъият муҳим аст.
“Худи раванди ислоҳоти милитсия бояд шаффоф ва оммавӣ бошад. Он ба вуҷуд овардани механизмҳои гуногунеро, ки муҳокимаи ошкоро ва оммавиро дар тамоми давраи ислоҳот нигоҳ медоранд, пешбинӣ менамояд. Доираи муҳокимарониҳо ва қабули қарорҳо бояд ба шаҳрвандон имконияти мустақиман ё бавосита иштирок намудан дар муҳокимаи рафти ислоҳот дар марҳилаҳои гуногуни он, имконияти ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани хоҳишҳо (интизориҳо) ва пешниҳодоти худро вобаста ба ин мавзўъ, имконияти назоратбарии баҳисобгирии дархости ҷамъиятиро нисбат ба ислоҳоти милитсия фароҳам орад”, - таъкид кард ҷ-би Маҳмадиев.
Ӯ илова намуд, ки бо ин мақсад дар марҳилаи якуми ислоҳоти милитсия (с. 2014) дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсатҳои корҳои дохилӣ дар вилоятҳо Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъсис хоҳанд ёфт. Сипас Шӯро ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ табдил ёфта, ба он намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ аз қабили намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва дигар аъзоёни фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил хоҳанд шуд, ки дар назари аҳолии маҳаллӣ дорои обрӯю нуфузанд.
Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2015-2017) чунин Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо ва мақомоти худидоракунӣ дар ҳама ҷо таъсис дода мешаванд.
Дар интиҳои чорабинӣ, ҷ-би Маҳмадиев қайд кард, ки системаи назоратбарии ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти милитсия тавассути гузаронидани чунин чорабиниҳо аз қабили мониторинги ҷамъиятӣ, экспертизаи ҷамъиятии санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии ВКД, гузаронидани машваратҳои гуногун байни ҷомеа ва давлат, инчунин ҳар семоҳа ҳисоботдиҳии сардорони милитсия дар назди аҳолӣ таъсис дода мешавад. “Консепсияи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва тасдиқ хоҳад шуд”, - иброз намуд ҷ-би Ҳайдар Маҳмадиев.
Сипас дар баромади хеш дигар иштирокчиён дар умум лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуданд. Қарор қабул шуд, ки мулоҳиза ва тавсияҳоро оид ба лоиҳа омода сохта, дар мӯҳлати то 1 майи соли 2014 ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон равон мекунанд.
Татяна Хатюхина – намояндаи Марказ оид ба ҳуқуқи инсон дар ш. Хуҷанд диққати иштирокчиёни мулоқотро ба баландбардории нақши нозирони минтақавӣ ҷалб намуд, зеро маҳз онҳо дар ба роҳмонии ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва муносибатҳои мутақобила бо ҷамъият нақши муҳимро мебозанд. Мавсуф зикр намуд, ки номзадҳо ба вазифаи нозирони минтақавӣ бояд аз озмуни қатъӣ гузаранд, ки ба баҳои воқеии ниҳоӣ нисбати омодагии касбӣ ба вазифаи мазкур асос ёфтааст.
Корманди оҷонсии иттилоотии “ASIA Plus” дар вилояти Суғд Хайрулло Мирсаидов масоили вазъи ҳаракати роҳро чӣ дар вилояти Суғд ва чӣ дар тамоми ҷумҳурӣ бардошт. Мавсуф диққати ҳозиринро ба сатҳи пасти маданияти рондани иштирокчиёни ҳаракати роҳ, аз ҷумла пиёдагардон, ҷалб намуд.
Заседание прошло продуктивно.
Нишаст босамар гузашт.