Ҳамкории Милитсия бо Ҷомеа

“Ҳамкории Милитсия бо Ҷомеа” (ҲМҶ) ин мафҳум ва стратегияи ташкилиест, ки барои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа баҳри ҳалли мушкилоти ҷинояткорӣ, бенизомии ҷамъиятӣ, амният, бехатарӣ ва сифати зиндагӣ, шароит фароҳам меорад.

Ҳамчун асоси Ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, ҳадафи асосии барномаи ҲМҶ баланд бардоштани қобилияти хизматрасонии Вазорати Корҳои Дохилӣ (ВКД) ба шаҳрвандон бо риояи ҳуқуқҳои инсон ва принсипҳои волоияти қонун, ва ҳамчунин беҳтар гардонидани боварии шаҳрвандон ба милитсия мебошад. Барнома аз ду ҷузъ иборат аст: (1) аз боло ба поён: бо машварат ва кӯмак дастгирӣ намудани банақшагирии стратегӣ, тактикӣ ва амалӣ, ва ба воситаи ташкили тренингҳо оиди ҲМҶ барои афсарони ҳамаи рутбаҳо, касбӣ намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Мақсади ин ҷузъ ба чорчӯбаи қонуну қоидаҳои мавҷуд даровардани стратегияи ҲМҶ дар ВКД аст; (2) аз поён ба боло: бо ҳадафи муайян намудан ва бартараф намудани мушкилиҳои ҷомеаи маҳаллӣ, барқарор намудани гурӯҳҳои ҳамкории устувор, муттаҳид ва қобили ҳалли мушкилот, ки аз афсарони милитсия, намояндаҳои ҳокимияти маҳаллӣ, пешвоёни динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аъзоёни ҷомеа: азҷумла занҳо ва ҷавонон, иборат мебошанд. Ба воситаи ҲМҶ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа имконият доранд, бо истифода аз восита ва шароитҳои мавҷуда ҷиноят ва низоъҳоеро ки суботи ҷамъиятиро халалдор месозанд, дар сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ ва миллӣ баррасӣ, бартараф ва пешгирӣ намоянд.

 

Дастовардҳои барнома (2010-2012):

 

  • Гурӯҳҳои Ҳамкории Милитсия бо Ҷомеа (ГҲМҶ) дар шаш (6) ноҳия барқарор карда шуданд ва ба таври пурра фаъолият мекунанд. Ин гурӯҳҳо ба ҳисоби умумӣ тақрибан 200 нафар намояндагони милитсия, ҳокимияти маҳаллӣ, ҷомеаҳои маҳаллиро дар 6 ноҳияи зерин дар бар мегиранд: Рашт ва Ҷиргатол (водии Рашт), Фархор ва Қумсангир (вилояти Хатлон), Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққум (вилояти Суғд).
  • Гурӯҳҳои иловагии ГҲМҶ дар натиҷаи ташаббуси маҳаллӣ ва таъсири мусбии гурӯҳҳои аввала ташкил ёфтанд ва тренингҳои Ҳамкории Милитсия бо Ҷомеа дар деҳаҳо ва барои ҷавонон гузаронида шуданд. 
  • Ёздаҳ (11) Маркази ҲМҶ дар чор ноҳия (Рашт (3), Ҷиргатол (2), Қумсангир (3), ва Қайроққум (3)) аз рӯи  нақшаи иҷроиши ҲМҶ ва ВКД бо мақсади пурзӯр кардани ташаббуси ҲМҶ дар ноҳияҳо ва дастгирии гурӯҳҳои ҳамкории маҳаллӣ ва равандҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда, ташкил карда шуданд. Ин марказҳо дар дохили биноҳои Шӯъбаҳои марказии корҳои дохилӣ, коргоҳи Нозирони минтақавӣ ё бинои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷойгир шудаанд. Чор (4) маркази дигар дар ноҳияҳои Фархор (2) ва Бобоҷон Ғафуров (2) ташкил карда мешаванд.
  • Ду лагери чавонон оид ба ҲМҶ (“Ҷавонон барои Ҷомеаи Бехатар”) бо мақсади пурзӯркунии ҳамкорӣ байни ҷавонон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкил карда шуданд. Тақрибан 100 аъзоёни ҷавони ГҲМҶ ва 20 афсари милитсия дар ин лагер ширкат варзиданд.
  • Гурӯҳи Кории ҲМҶ дар сатҳи марказӣ, ки аз намояндагони милитсия, ҳукумат ва пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст, моҳе як бор барои дидабароӣ, мутобиқкунӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҲМҶ дар тамоми Тоҷикистон, нишасти корӣ баргузор мекунад. 
  • ВКД васеъгардонии фаъолияти ҲМҶ-ро дар Тоҷикистон, ҳамчун қисми ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба ӯҳда гирифт.

 

Чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда (2012-2013):

 

  • Дастгирии ГҲМҶ мавҷуда тавассути роҳнамоӣ, мониторинг (назорат) ва дастгирии Марказҳои Ҳамкории Милитсия бо Ҷомеа.
  • Ташкили шаш (6) ГҲМҶ дар Панҷакент ва Айнӣ (вилояти Суғд), Панҷ (вилояти Хатлон), Хоруғ (вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Ваҳдат ва Турсунзода (Ноҳияҳои Тобеи Марказ).
  • Барқарор кардани ҳадди аққал як маркази ҲМҶ дар ҳар як ноҳияи нав дар ҳамкорӣ бо ВКД ва ГҲМҶ.
  • Ваколатдор кардани ҷавонон тавассути ташкили тренинг ва лагерҳо оид ба ҲМҶ.
  • Хабардор намудани ҷомеа дар бораи ҲМҶ тавассути чорабиниҳои ахборотӣ ва семинарҳои ҳадафнок.
  • Фаъолияти зич бо ВКД, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), барои боз ҳам бештар ба барномаи Ислоҳоти милитсия даровардани ҲМҶ, азҷумла пешниҳоди Гурӯҳи Мушовирони Ҷомеаи Шаҳрвандӣ (ГМҶШ).

 

Барномаи Ҳамкории Милитсия бо Ҷомеа дар созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, ки 5 Майи 2009 ба тасвиб расидааст, ҷой дорад.

Маълумот барои тамос:

Хирад Каргасов

Менеҷери Барномаи ҲМҶ

Телефон (992)985808058

Суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Меҳриниссо Пирматова,

Менеҷери Барномаи ҲМҶ дар INL

Телефон (992)985805089

Суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Ричард Нибуш, “Эмерҷенс Груп”

Менеҷери Барнома

Телефон(992)935771735

Суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Қандил Ҳакимов, “Эмерҷенс Груп”, Мушовир оиди масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ

Телефон: (992)935770086 

 

Шарикон