Ҷаласаи Гурӯҳи кории ВКД ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оиди идораи ислоҳоти милитсия
- Details
- Нашр гардид 11 Май 2012
Ҷаласаро Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – генерал-майори милитсия Нурилло Орипов кушода, дар баромади хеш қайд намуд, ки масоили ислоҳоти милитсия айни замон ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқ нишон дода шудааст, ки мо бояд дар мӯҳлати кӯтоҳтарин «Барномаи ислоҳоти милитсия»-ро, ки ба такмили сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқсозии фаъолияти онҳо ба меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, инчунин ба ҳам наздикшавии милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона карда мешавад, таҳия карда пешниҳод намоем», - гуфт Орипов.
Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки Барномаи ислоҳоти милитсия ба лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон, ки якҷоя бо Дафтари САҲА омода шудааст, такя мекунад (асос меёбад). Дар робита ба ин оиди ҳарчӣ зудтар ба итмомрасии таҳияи лоиҳаи Барномаи рушд ва ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон, ки бояд дар мӯҳлати кӯтоҳтарин таҳия карда шавад, қарор қабул карда шуд.
Роҳбари Раёсати ҳарбӣ-сиёсӣ, ки ҳайати намояндагони Дафтари САҲА-ро дар Тоҷикистон сарварӣ мекунад, ҷ-би Аластер Ливингстон дар баромади хеш қайд намуд, ки кормандони Дафтар ҳамчунин омодаанд барои кӯмак намудан ба кормандони миллии коршиносон дар хотима додани кор бо лоиҳаи Барномаву Стратегияи ислоҳоти милитсия ва бо ин тезонидани амалисозии Ёддошти тафоҳумро оиди ҳамкории байни Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА доир ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия тамоми кӯшишашонро ба харҷ диҳанд.
Дар рафти ҷаласа маросими мукофотонидани Оливер Янсер Мушовир оиди масоили мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо медали идоравии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои мусоидат» баргузор гардид.
Бо медали «Барои мусоидат» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар кори инкишофи мақомоти корҳои дохилӣ ва милитсияи Тоҷикистон саҳми калон гузоштаанд, мукофотонида мешаванд. Дар байни шахсоне, ки бо ин медал сарфароз гардидаанд Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали артиш Рашид Нургалиев, муҳаррири газетаи «Народная газета» Владимир Воробьев ва дигарон мебошанд.