Кормандони САҲА дар чорабинии хайрияви ширкат варзиданд

Кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар чорабинии хайриявии «Бобои Барфӣ барои кӯдаки махсус», ки 25 декабр дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Дар театри мусиқавӣи шаҳри Кӯлоб чорабинии солинавӣ барои кӯдакон баргузор карда шуд, ки дар охири он ҳар як кӯдак тӯҳфаи дилхоҳе, ки дар номааш аз Бобои Барфӣ дархост карда буд, гирифт. Мактубҳо бо аксҳои кӯдакон ба Дафтари САҲА аз ятимхона / маркази барқарорсозӣ, ки дар он ҷо кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд зиндагӣ ва табобат мегиранд, фиристода шуда буданд.

Ҳамагӣ 38 нома равно карда шуда буд, дархостҳои тифлакон хеле оддӣ буданд, ба мисли либосҳои зимистона, шириниҳо ва бозичаҳо.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Бунёди Евразияи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон тӯли якчанд сол бо ҳадафи амалӣ намудани орзуҳои кӯдакони махсус амалӣ мегардад.

Шарикон