САҲА ва Барномаи рушди СММ утоқи кории нозири милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва идораи Шӯрои ҷамъиятии ВКД-и Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
- Details
- Нашр гардид 11 Сентябр 2019
10 сентябри соли 2019, Вазири корҳои дохилии (ВКД) Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, масъулини воломақоми ВКД, намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар маросими ифтитоҳи расмии утоқи кории нозири милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва идораи Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Муъминобод иштирок карданд.
Нозирони милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила соҳиби таҷрибаи мушаххаси мубориза бо зӯроварии гендерӣ мебошанд, дар ҳоле ки аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия аз шаҳрвандон иборат буда, барои ба инобат гирифтани афкори мардум дар раванди ислоҳоти милитсия мусоидат мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба САҲА барои дастгирӣ дар татбиқи ислоҳоти милитсия арзи сипос намуда, итминон дод, ки ВКД минбаъд низ принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеаро пешбарӣ мекунад ва ба ҳамкориҳои милитсия ва ҷомеа дар ҷамоаҳо таҳким мебахшад.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба Барномаи ислоҳоти милитсия генерал-майор Шодмонзода Фарҳод ба САҲА ва БРСММ барои дастгирии онҳо миннатдорӣ баён намуда, қайд кард: “Ин идораҳо ба нафъи ҳамкории милитсия ва ҷомеа хидмат хоҳанд кард ва барои ҳалли мушкилоти зӯроварӣ дар оила ва дигар шаклҳои ҷиноят таҳкурсӣ хоҳанд шуд.”
Дар чорабинӣ узви Шӯрои ҷамъиятӣ Косимова Қурбонгул ба ВКД ва ҳамкорони он барои дастгирии пайваста арзи сипос намуда изҳори умед кард, ки Вазири корҳои дохилӣ як нозири занро оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои кор дар идораи нав дар ноҳияи Муъминобод таъин хоҳад намуд. Шӯъбаҳо бо дастгирии молиявии САҲА ва БРСММ тармиму таҷдид гардиданд ва бо технологияҳо замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуданд.