Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии САҲА оид ба масъалаҳои маводи мухаддир ширкат варзиданд
- Details
- Нашр гардид 06 Июн 2019
Дар шаҳри Вена 3-4 июни соли равон аз тарафи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи "Таҳаввули таҳдидкунандаи маводи мухаддир синтетикӣ: аз нашъамандӣ то барқароршавӣ ва реинтегратсия" конфронс баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур хамчунин намояндагони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз он ҷумла Дадоҷонзода А., муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, Зиёзода Ф., сардори раёсати хизмати оперативии Агентии назорати маводи нашъаовар ва Д. Давлатов, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар ҷараёни конфронс, мушкилотхое, ки бо истофодабарии технологияҳои муосир ба вуҷуд омадаанд, аз ҷумла шабакаи «Darknet» барои паҳн гардонии маводи мухаддир, алахусус дар байни ҷавонон, баррасӣ шуданд. Ин конфронс ба татбиқи Консепсияи САҲА аз соли 2012 ба муқобили таҳдиди паҳнгардонии маводи мухаддир ва азназаргузаронии прекурсорҳои кимиёвӣ саҳм гузошт.
Конфронси мазкур аз ҷониби роҳбарияти Словакия дар САҲА бо мусоидати Департаменти таҳдидҳои трансмиллӣ (DTNU) Котиботи САҲА ташкил шудааст ва ҳадафи асосии он эҷоди майдон барои коршиносони салоҳиятдори байни давлатҳои аъзоёни САҲА, Шарикони САҲА, сохторҳои иҷроияи САҲА, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ва ба мубориза бар зидди доруҳои синтетикӣ, пешгирии нашъамандӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии беморони собиқ дар ҷомеа равона карда шудааст.