Ҷаласаи коршиносони политсия дар шаҳри Вена
- Details
- Нашр гардид 26 Сентябр 2019
Аз 23 то 25-уми сентябри соли равон ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода И.И. дар пойтахти Ҷумҳурии Австрия, шаҳри Вена дар ҷаласаи коршиносони политсияи 57 давлати аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ» баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ як қатор вохӯриҳои судманд бо шарикони иҷтимоӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, дар нимаи аввали рӯз бо мақсади ҷалби маблағгузории донорӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон бо намояндагони Норвегия, Шветсария, Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо ва Россия вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Ҳамзамон қобили зикр аст, бо мақсади муаррифӣ намудани раванди ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, дастовардҳо ва дурнамои он, инчунин 9 лоиҳаи ҷалби маблағгузории омодагардида, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар бинои Хофбурги шаҳри Венаи Австрия санаи 23-юми сентябри соли равон конфронси канорӣ ташкил карда шуд, ки дар он сафирон ва намояндагони сафоратхонаҳои 39 давлати дунё ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур зери модератории ҷаноб Ги Винет - иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози фаъолияти САҲА дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои фаромиллӣ баргузор гардид.
Дар конфронс муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода И.И. вобаста ба ҳадаф, самтҳо ва мушкилоти ислоҳоти милитсия ва Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милистия Шодмонзода Ф.А. дар ҷодаи дастовардҳо ва дурнамои ислоҳот баромадҳо намуданд. Шодмонзода Ф.А. дар маърузаи худ ҳадаф, мақсадҳои ниҳоӣ, натиҷа ва буҷаи 9 лоиҳаи омодагардидаро ба маърази иштирокчиён муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби Сафири Федератсияи Россия, Франсия ва инчунин намояндагони Норвегияю Шветсария ва Иттиҳоди Аврупо хуш пазируфта шуданд. Бояд қайд кард, ки нисбат ба дастовардҳо ва дурнамои ислоҳоти милитсия аз ҷониби шарикони иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, вобаста ба ҷолибияти лоиҳаҳо ибрози ақида намуданд.
Ҳамин тариқ санаи 24-уми сентябр ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ бо сафирони Франсия, ИМА ва роҳбарияти Сектератиати (Котиботи) САҲА вохӯриҳои дуҷониби ташкил ва баргузор намуд.
Имрӯз, санаи 25-уми сентябри соли ҷорӣ вохӯрии ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сафирони кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Шветсия дар назар дошта шудааст.