САҲА кормандони ВКД ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистонро оиди идоракунии самараноки лоиҳаҳо меомӯзонад
- Details
- Нашр гардид 16 Сентябр 2019
Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ва Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) Тоҷикистон дар давраи омӯзишии САҲА оид ба идора намудани лоиҳаҳо ва ҷалби маблағ иштирок карданд. Малакаҳои андӯхтаи иштирокдорон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар сохторҳояшон кӯмак хоҳад кард. Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил шуда, аз 26 август то 13 сентябри соли 2019 баргузор гардид. Дар он афсарони баландрутбаи шӯъбаҳои гуногуни ВКД ва АНМН ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни омӯзиш, иштирокчиён дар бораи идоракунии лоиҳаҳо, арзёбӣ ва мониторинги лоиҳа, навиштани лоиҳа, маблағгузорӣ ва ҳамоҳангсозии донорҳо маълумот гирифтанд. Дар машғулиятҳои амалӣ иштирокчиён намунаҳои гуногуни лоиҳаҳоро таҳия намуданд, ки ба арзёбии эҳтиёҷоти аввалия ва афзалиятҳои ҷории татбиқи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Минбаъд, ҳамчун идомаи давраи омӯзишӣ, иштирокчиён афсарони сохторҳои дахлдори худро роҳнамоӣ мекунанд. Иштирокчиёни интихобшуда барои мавриди омӯзиши иловагӣ қарор мегиранд, то дониши гирифтаашонро сайқал диҳанд.
«Ин давраи омӯзишӣ, воситаи пурқувват ҷиҳати пеш бурдани ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон мебошад», гуфт Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба Барномаи ислоҳоти милитсия, генерал-майор Фарҳод Шодмонзода. «Кормандони мо комёб шуданд, ки нӯҳ лоиҳаро таҳия кунанд ва ман ба САҲА барои ин имконият арзи сипос мекунам.»
“Бо анҷоми омӯзиш, кори иштирокчиён ба хотима намерасад. Ин танҳо аввали кор аст! Ин гурӯҳи мутахассисон акнун соҳиби малакаи навиштани лоиҳаҳо шуданд, ки онро бояд ба манфиати ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон равона кунанд”, қайд кард Дмитрий Капортсев, Мушовири Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба муқовимат бар зидди терроризм ва кор бо мақомотҳои ҳифзи ҳукуқ.