САҲА ба прокурорҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон оид ба усулҳои мусоҳиба бо кӯдакон таълим медиҳад
- Details
- Нашр гардид 05 Август 2019
Барномаи САҲА дар Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз 24 июл то 3 августи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд, Бохтар ва Душанбе силсилаи курсҳои омӯзиширо оид ба адолати судӣ нисбати кӯдакон доир намуд.
Дар курсҳо 62 нафар, аз ҷумла прокурорҳо ва кормандони милитсия ширкат варзиданд.
Иштирокчиён савияи дониши худро оид ба ҳуқуқҳои кӯдакон, забон ва муоширати шифоҳӣ ва ғайришифоҳии хайрхоҳона, рушди кӯдакон ва оид ба қонунгузории ҷиноӣ ва шаҳрвандии марбути кӯдакон, аз ҷумла стандартҳои дахлдори байналмилалӣ оид ба адолати судӣ нисбати ноболиғон баланд бардоштанд.