Ҷаласаи Гуруҳӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия ва вохӯрии ҳамоҳангсозии шарикон

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия, ҷаласаи гуруҳӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия ва вохӯрии ҳамоҳангсозии шарикон доир гардид.

 

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия, бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, иҷрокунандаи роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Геррит Зах, намояндагони Сафоратхонаҳои хориҷи кишвар, ташкилотҳои хориҷӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ Ҷаласаи гуруҳӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия ва вохӯрии ҳамоҳангсозии шарикон доир гардид. Ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, ҳозиринро барои иштирок дар мизи мудаввар ва саҳмгузориҳояшон дар амалӣ гардидани Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия арзи сипос намуд.

Роҳбари аввали ВКД дар идома зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҳанӯз дар моҳи апрели соли 2012 коркарди санадҳои муҳимми барномавӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Мақсади асосии ислоҳот, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, демократикунонии он дар ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, зеро дар 27 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсие ба вуқӯъ омада, муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро ба вуҷуд оварданд. Дар ин марҳала системаи ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, амалияи он низ дигаргун шуда истодааст. Мустаҳкам намудан ва инкишоф додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки милитсия яке аз ҷузъи асосии он мебошад. Дар ин ҷода, аз ҳама муҳим мустаҳкам намудани алоқаи милитсия бо мардум, таъмини шафофияти фаъолияти он ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолияти милитсия мебошад, - афзуд мавсуф.

Сипас, иҷрокунандаи роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе Геррит Зах суханронӣ намуда зикр кард, ки Дафтари САҲА дар Душанбе бо Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкории зич қарор дошта, баҳри амалигардонии Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Вазири корҳои дохилӣ дар доираи амалигардонии ислоҳоти милитсия то ба имрӯз дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа бо ҳуҷраҳои кории нозирони минтақавии милитсия сохта бо тамоми таҷҳизоти зарурии корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаааст.

Дар идомаи кори ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода оид ба “Раванди иҷроиши Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамои он” суханронӣ намуда, аз корҳои басомонрасонидашуда оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, сохтмони биноҳои Академияи ВКД, Коллеҷи милитсия, Коллеҷи оташнишонӣ ва дигар биноҳои маъмурии милитсия, таъмири пурраи онҳо ва дигар бандҳои иҷрошудаи лоиҳаи барнома ибрози андеша намуд.

Дар кори ҷаласа сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД полковники милитсия Музаффар Боймаҳмадзода дар мавзӯи “Лоиҳаи қайди электронии аризаю хабар дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо”, сардори Раёсати моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД генерал-майори милитсия Шералӣ Маҳмадшозода оид ба “Намунаи сифатан нави сару либоси мавсимии низомии кормандони милитсия”, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода дар бораи “Бунёди маркази байналмилалии таълимӣ оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони хориҷӣ дар самтҳои мухталифи муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Академияи ВКД”, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич оид ба “Таъсиси милитсияи сайёр дар минтақаҳои дурдасти кишвар, бахусус дар деҳоту навоҳии кӯҳсори ҷумҳурӣ ва зарурати он” ва дигарон баромад намуданд.

Шарикон