Дар шаҳри Кӯлоб ток-шоу дар мавзӯъи

26 октябр, дар вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб, ток-шоу дар мавзӯъи "Нозири ноҳиявӣ: кист ӯ?" Бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ аз ноҳияҳо, курсантони Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва коршиносон баргузор гардид.

Дар ҷараёни баргузории барнома иштирокчиён дар бораи ҳамкориҳои судманд байни нозири маҳаллӣ ва чомеъа сухан намуда оид ба тағиротҳое, ки дар фаъолияти нозирони ноҳиявӣ дар доираи ислоҳоти милитсия дар кишвар ба амал меоянд, сӯҳбат карданд.
Ҳамчунин дар бораи душвориҳое, ки ҳангоми корашон нозирон бо онҳо дучор мешаванд, аз ҷумла набудани утоқҳои корӣ, таҷҳизоти техникӣ ва воситаҳои нақлиёт гуфта гузаштанд.

Иштирокчиён инчунин қайд карданд, ки зиёд шудани шумораи занон дар мобайни нозирони маҳаллӣ дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба муборизаи самаранок бар зидди зӯровари дар оила  мусоидат хоҳад кард. Бо афзоиши миқдори нозирони зан, эътимоди занон дар чомеъа нисбати фаъолияти милитсия зиёд мешавад, ва шумори муруҷиатҳо маҳз аз тарафи занон зиёд хоҳад шуд.

Барномаи телевизионии мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои  САҲА дар Душанбе бо мақсади баланд бардоштани нуфузи нозири маҳаллӣ дар ҷомеа барои татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти милитсия дар кишвар дастгирӣ карда шудааст. Ва ҳамчунин барои таҳкими ҳамкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ дар бораи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар байни аҳоли.

 

Шарикон