Аъзоёни Шурои ҷамъиятӣ дар омӯзиш оид ба таҳия намудани лоиҳа иштирок намуданд

Аз 14 то 19 октябри соли равон Дафтари барномаҳои САҲА дар ш. Душанбе тренинги амалӣ оид ба таҳия ва навиштани лоиҳа барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии минтақавӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд.

Дар чорабинӣ 35 нафар аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷамъиятӣ аз шаш минтақа, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва ду намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд. Мақсади асосии тренинг омӯзонидани намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ дар таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавӣ ва баланд бардоштани малакаи онҳо дар самти маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳа буд.

Мавзӯъҳои асосии омӯзиш инҳо буданд: грант чист, ва чӣ гуна грантро ба даст овардан мумкин аст, чӣ гуна буҷа тартиб дод, ва назорату арзёбӣ намудани лоиҳа, ва инчунин чӣ гуна ғояҳои эҳтимолиро барои лоиҳа интихоб кард. Дар охири тренинг, ҳар як Шӯрои ҷамъиятӣ аз тамоми минтақаҳо назари худро оид ба лоиҳаи оянда пешниҳод намуд.

Шамсзода Зикриё, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Кӯлоб гуфт: «Ман хеле шодам, ки САҲА ба мо имконияти иштирок дар тренинг оид ба таҳияи лоиҳаро фароҳам овард. Дар оянда бо ҳамкасбонам ният дорем, ки лоиҳаро дар самти аз байн бурдани зӯроварии хонаводагӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасони минтақа таҳия намоем. ”

Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия мақомоти машваратии Вазорати Корҳои Дохилӣ мебошад, ки дар сатҳи минтақавӣ фаъолият намуда, аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст. Онҳо ба рушду таҳкими робитаҳои шаҳрвандон ва милитсия мусоидат намуда, принсипҳои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятиро дастгирӣ мекунанд.

Дар айни замон дар шӯъбаҳои минтақавии Вазоратҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳафт Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия таъсис дода шудааст, ки дар онҳо беш аз 100 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок меварзанд, ки дар татбиқи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.

Шарикон