Дафтари САҲА дар Душанбе курси махсуси омӯзиширо барои кормандони ҷавони Агентии назорати нашъаоварро дастгирӣ кард
- Details
- Нашр гардид 09 Октябр 2019
Аз 7 то 9 октябр дар Душанбе тренинги серӯза барои кормандони ҷавони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Машғулиятҳо ба татбиқи амалии механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин пешбурди ҷанбаҳои гендерии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона карда шуда буданд. Иштирокчиёни тренинг кормандони ҷавони Aгентӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва намояндагони Хадамоти гумруки минтақаҳои гуногуни кишвар буданд.
Дар тренинг мавзӯъҳои баробарии гендерӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зӯроварии хонаводагӣ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён инчунин дар бораи аҳамияти фаъолияти онҳо, ки ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шахси дастгиршуда дар парвандаи ҷиноӣ нигаронида шудаанд, гуфтугу намуданд.
Ғайр аз он, иштирокчиён имконият доштанд, ки дар машқҳои амалӣ оид ба муоина ва ҷустуҷӯи воситаҳои нақлиёт ширкат варзанд. Дилафрӯз Самадова, тренер оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон мегӯяд: "Мо кӯшиш кардем, ки мавзӯи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ба таври муфассал шарҳ диҳем ва барои ин, дар ҷараёни тренинг якчанд парвандаҳо оид ба қонунвайронкуниҳоро баррасӣ кардем. Мо диққати худро ба ҷанбаҳои гендерӣ равона кардем, дар бораи ҳуқуқҳои занон ва табъизи гендерӣ ҳам гуфта гузаштем.”
Иштирокчиёни курс дар давоми тренинг худро фаъол нишон доданд ва пас аз хатми он иқрор намуданд, ки онҳо маълумоти зарурӣ гирифтанд ва дар бораи нозукиҳои фаъолияти худ маълумот гирифтанд.
Абдураҳмонзода Комрон, корманди Агентӣ дар шаҳри Исфара қайд кард, ки ба шарофати иштирок дар ин тренинг ӯ дониши худро дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ васеъ кард ва дар бораи хусусиятҳои масъалаҳои гендерӣ маълумоти мухтасар гирифт.
Омузиш бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаҳои назариявӣ ва амалии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон тавассути иштироки онҳо дар чорабиниҳои таълимии маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуда буд.