САҲА кӯшишҳои Раёсати БДА ВКД-и Тоҷикистонро оид ба таъминоти бехатарии ҷомеъа дастгирӣ мекунад

Имрӯз Сафир Туула Юрёля, Роҳбари дафтари барномаҳои САҲА дарДушанбе ва намонядагони Раёсати БДА ВКД-и Ҷумҳарии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хонандагон оиди ба қоидаҳои ҳарақат дар роҳ (ҚҲР) бо хонандагони мактаб-гимназияи №74 ш. Душанбе вохӯрӣ доир намуданд.

   

«Ҳар сол тақрибан 500 нафар кӯдакон ва наврасон бо ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дучор мегарданд, ки ин боиси нигаронӣ аст. Дар аксари ҳолатҳо сабаби ин ҳодисаҳо надонисти ҚҲР дар байни кӯдакон мебошад» - гуфт Сафир Туула Юрёля.

Дар рафти вохӯрӣ, Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ (ННҲР), ки хонандагони мактаб-гимназия мебошанд, бо мавзӯъи махсус баромад намуда саҳначаҳоро оид ба риоя намудани ҚҲР намоиш доданд.   

Соли ҷорӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Ислоҳоти милитсия, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ мегардад, гузаронидани зиёда аз 50 маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҚҲР дар байни хонандагон ба нақша гирифта шуддаст, ки он дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ичунин ба БДА ва шӯъбҳои муассисаҳои таълимии кишвар барои чоп кардани 5000 адад китобчҳо барои кӯдакон оид ба ҚҲР ва тақсимоти 25000 адад овезаҳои шуоъдиҳанда кӯмак расонд.

Шарикон