Истаравшан: мусобиқаи тениси рӯи миз дар доираи маъракаи иттилоотӣ-омӯзишӣ барои пешгирии нашъамандӣ байни ҷавонон
- Details
- Нашр гардид 22 Август 2017
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Амалӣ намудани чорбиниҳои пешгиркунанда ва мубориза бар зидди нашъамандӣ» давоми нӯҳ соли охир Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (САҲА) дар ҳамкорӣ бо мақототҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи мантақаҳои Тоҷикистон барои пешгри кардани нашъамандӣ маъракаҳои иттилоотӣ омӯзиширо гузаронида истодааст.
Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикстон (ВКД) ва дастгирии САҲА аз санаи 21-ум то 29-уми август соли ҷорӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” силсила чорабиниҳои варзишӣ байни ҷавонону наврасон, мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ таҳти шиори “Ҷавонон ва варзиш-зидди нашъамандӣ” аз намудҳои футболи хурд, волейбол, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот дар ноҳияҳои Истаравшан, Б.Ғафуров, Исфара ва Ашт газашта истодааст. Чорабиниҳо барои пеш бурдани тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон тавассути машғулят бо варзиш равона шудааст.
Санаи 21-уми август мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди варзиши “Тенниси рӯи миз” дар ш. Истаравшан доир гардид. Дар ин чорабинӣ муовини сардори раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин, муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш. Истаравшан Нигора Хайрзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ш. Истаравшан полковники милитсия Шамсулло Маҳмудов ва муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин ташриф оварданд. Дар ин чорабини зиёда аз 40 нафар варзишгарони теннисбози ҷавону наврас ва тақрибан1000 нафар мухлисону ҳаводорони ин соҳаи варзиш ҷамъ омаданд. Дар ин маърака дар қатори ҷавонписарон, ҷавондухтарон низ ширкат доштанд, ки 60% иштирокдорони мусобиқаро ташкил доданд.
Дар фарҷоми ин чорабинӣ ба ғолибони мусобиқа муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД подполковники милитсия А.Шоҳиён ва муовини шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ф.Отаҷонов ҷоиза, медал ва Ифтихорномаҳоро тақдим намуданд.