Мулоқоти судманд дар доираи ислоҳоти милитсия

Имрӯз (19.09.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Зумрад Абдуллозода ва муовини сардори Академияи Вазорати корхои дохилӣ оид ба илм полковники милитсия Солиев Каримҷон бо Мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе Дмитрий Капортсев баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Абдуллоев Баҳром – афсари миллӣ оид ба мусоидат ба ислоҳоти милитсия ва Маҳмадиев Ҳайдар Холович – афсари миллии алоқа оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе ва Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи ислоҳоти милитсия изҳори андеша намуданд.

Зикр гардид, ки дар доираи ислоҳоти милитсия Стратегия ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 қабул гардида, дар ин самт як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст.

Мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе Дмитрий Капортсев пешниҳод намуд, ки ҷиҳати мустаҳкам намудани иқтидори зеҳнии курсантон, азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва дигар далелҳои шайъӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ синфхонаҳои криминалӣ таъсис дода шавад.

Дар рафти вохӯрӣ ин пешниҳод судманд арзёбӣ гардида, намояндагони Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе изҳор доштанд, ки барои таъмин намудани ин синфхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ кӯмаки худро мерасонанд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо дар доираи ислоҳоти милитсия изҳори боварӣ намуданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия

Сарчашмаи мақола

Шарикон