Аъзоёни Шӯрои ҷамъияти оид ба ислоҳоти милитсия дар вилояти Суғд дар тренинги САҲА ва Saferworld донишу малакаҳои худро дар бораи ислоҳоти милитсия такмил доданд

Аз 26 то 28 июли 2017 дар ш. Гулистони (Қайроққум) тренинги омӯзишӣ барои намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (ШҶ) дар назди РВКД-и вилояти Суғд баргузор гардид.

Тренинги омӯзишӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Saferworld ташкил карда шуд, ки дар он 10 аъзоёни ШҶ-и вилояти Суғд, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ, намояндагони Saferworld ва кормандони РВКД-и вилояти Суғд ташриф оварданд.

Мақсади тренинг барои такмил додани малакаҳои иштирокчиён дар омодасозии баромадҳо (презентатсияҳо), баланд бардоштани савияи дониши онҳо вобаста ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон равона шуда буд. Ҳозирини тренинг бо Ёддошт оиди тартиби гузаронидаи ҳисоботдиҳии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ шинос шуданд. Инчунин иштирочиёни тренинг мавзӯъҳои чи гуна беҳтар намудани ҳамкории байни милитсия ва ҷомеа, пешгирии хушунати хонаводагӣ ва мубароиза бар зидии ифротгарои ва терорризмро дар байни ҷавонон муҳокима карданд.

Дар рафти мубоҳиса иштирокчиёни тренинг  оиди ислоҳоти раванди таълимӣ дар Академияи ВКД Тоҷикистон пурсон шуданд. Коршиносони тренинг ба таври муфассал таҷрибаи ислоҳоти раванди таълимии Академияи Полиси Хорватия ва Замини Гессен (Германи)-ро ба иштирокчиён гуфта гузаштанд.

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шодмонзода Фародбек итминон дод, ки ВКД ҶТ кӯшиш ба харҷ медиҳад то ки чорабиниҳои ҳамкории якҷояи милитсия бо ҷомеа дар оянда бештар гардад.

Шарикон