Иқдом оиди мубориза бар зидди маводи мухаддир

Ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) «Сарчашмаи ҳаёт» дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли 2014 иқдомеро бахшида ба мубориза алайҳи маводи мухаддир дар доираи лоиҳаи «Гузаронидани чораҳои пешгирикунанда тавзеҳотии зиддимухаддиротӣ ва варзишӣ», ки аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон аз соли 2008 маблағгузорӣ карда мешавад, баргузор намуданд.

Мақсади асосии лоиҳа ин ташвиқоти тарзи ҳаёти солим бар акси истифодаи маводи мухаддир ва кам кардани миқёси паҳншавии нашъамандӣ ва ҷинояткории ба он дахлдор дар он шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳа амалӣ шуда буд. Аҳолии чунин 16 шаҳру ноҳияҳо ба монанди Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Қайроққум, Ҷаббор Расулов ва Спитамени вилояти Суғд, ҳамчунин Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қумсангир, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтари вилояти Хатлон, ва ш. Ваҳдат оид ба таъсири зиёновари қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва сӯиистифодаи он иттилоотро дар шакли баромадҳои зидди маводи нашъаовари театриву ҳаҷвӣ ва маводҳои чопӣ гирифтанд.

Асосан иштирокчиёни чорабиниҳо кӯдакон ва наврасон буданд. Дар назар аст, ки дар муддати тӯлонӣ аз ин гурӯҳи аҳолӣ ба истифодаи маводи мухаддир ба таври васеъ дучор нахоҳанд шуд.

Лоиҳа дар асоси ҳадафҳои дар доираи нақшабуда амалӣ шуд ва ба мақсади асосӣ ноил гардид – ин ташвиқоти тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкории байни ТҶ «Сарчашмаи ҳаёт» бо ҳокимияти маҳаллӣ мебошад. Инчунин, ташкилкунандагони чорабиниҳои зидди маводи мухаддир таҷрибаи худро дар соҳаи чораҳои пешгирикунанда ва тавзеҳотӣ ғанӣ гардониданд. Барои амалӣ намудани ғояи лоиҳа захираҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҷомеаи мамлакат ва ТҶ «Чашмаи ҳаёт» истифода бурда шуд. Фаъолияти лоиҳа аз ҷониби ТҶ «Сарчашмаи ҳаёт» идора карда шуд. Рӯйхати аъзои дастаи ташвиқотӣ аз ҳисоби кормандони ТҶ «Сарчашмаи ҳаёт» ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони фарҳанг ва гурӯҳҳои эҷодии кишвар интихоб шуда, тасдиқ гардид.

Шиорҳо ва баннерҳо барои ороиши саҳна ва ҷойҳои дигари баргузории маъракаҳо омода карда шуданд. Илова бар ин, 3000 адад варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ чоп шуданд, ки дар байни 7000 иштирокчӣ, аз ҷумла 3000 нафар ҷавонон тақсим карда шуд. Ғайр аз ин, САҲА пироҳанҳо ва сарпӯшҳоро бо логотипи САҲА, ТҶ "Сарчашмаи ҳаёт» ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода сохт. Озмуни расмҳои кӯдакон таҳти шиори "Кӯдакони Тоҷикистон муқобили маводи мухаддир" дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Қайроққум, Ҷаббор Расулов ва Спитамени вилояти Суғд доир гардид. Барои ҳавасмандкунии иштирокчиёни фаъолу ғолибони озмунҳо ва чорабиниҳои варзишӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар маҷмӯъ, чорабиниҳои гузаронидашуда ҳам аз ҷониби иштирокчиён ва ҳам аз ҷониби мақомоти давлативу ТҒД-ии маҳаллӣ баҳои баланд гирифта, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардиданд.

Шарикон