Сафари таълимӣ ба Академияи полиси Хорватия

Аз 24 то 28 ноябри соли 2014 Дафтари САҲА дар Тоҷикистон сафари таълимиро ба Академияи полиси Ҷумҳурии Хорватия, ки дар шаҳри Загреб ҷойгир аст, ташкил кард. Ҳайати намояндагон аз Ҳамоҳангсози миллии ВКД ҶТ оид ба ислоҳоти милитсия ҷ-би Алӣ Бобоназарзода, ки Гурӯҳи кории ВКД ҶТ-ро сарварӣ кард, Афсари миллии равобит оиди масоили ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Ҳайдар Маҳмадиев, намояндагони Академияи ВКД ҶТ, Маркази таълимии ВКД ҶТ, Коллеҷи политсия дар назди ВКД ҶТ, ҳамчунин кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҶТ иборат буд.

Мақсади сафари хизматӣ шиносоии иштирокчиён бо раванди ислоҳоти Академияи полиси Хорватия, ташкили ҷараёни таълими коллеҷи полис, Мактаби олии полис ва Академияи полис, инчунин тартиби қабули курсантҳо буд.

Ҳайати намояндагони Тоҷикистонро Сардори Академияи полиси Хорватия ҷ-би Желимир Радмилович, Ёвари Сардори Академия оид ба масоили байналмилалӣ хонум Даниела Петкович, ҳамчунин Сардори Мактаби олии полис ҷ-би Марян Жулевич ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷ-би Радмилович миннатдории хешро барои ташрифи ҳамкоронаш аз Тоҷикистон изҳор намуда, қайд намуд: «ин ташриф аз боварии комили Вазорати корҳои дохилии ҶТ нисбат ба Академияи полиси Хорватия гувоҳӣ медиҳад». Мавсуф боварии хешро баён намуд, ки ҳамкорони тоҷикаш бисёр чизҳои фоидаоварро аз таҷрибаи ҳамкорони хорватӣ дар амалисозии ислоҳоти системаи омодасозӣ ва таълими командони полис хоҳанд омӯхт.

Дар рафти сафари таълимӣ ҳозирин имконияти шиносоӣ бо шарту шароити зисту кор дар Академияи полис, нақшаи таълимии Академия, омӯзиши тартиби полиси стандартӣ ва машқҳои амалӣ доир ба истифодабарии яроқи оташфишон ва қувваи ҷисмониро доштанд. Сардори Раёсати кадрҳои ВКД-и Хорватия шахсан баромад карда, ба иштирокчиён дар хусуси барномаи тарбиявии кормандони ояндаи полис ва рафти тақсимоти донишҷӯёни полис пас аз хатми Академия сухан гуфт.  

Пас аз фарҷоми сафари мазкур, Ҳамоҳангсози миллии ВКД ҶТ оиди ислоҳоти милитсия ҷ-би Алӣ Бобоназарзода ба ҳамкорони хорватӣ барои дар сатҳи баланд ташкил кардани сафар сипосгузорӣ карда, итминон дод, ки намояндагони гурӯҳи корӣ соҳиби бисёр маълумоти нав гаштанд ва он ҳатман дар раванди амалисозии ислоҳоти Академияи ВКД ҶТ ба назар гирифта хоҳад шуд.     

Шарикон