Рӯзи ҳуқуқи инсон

Ҳама сола 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон, ба истиқболи қабули Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) соли 1948, ҷашн гирифта мешавад. Ҳар сол мавзӯи Рӯзи ҳуқуқи инсон тафовут дошта, аввалиятҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон ва дар мамолики алоҳида инъикос мекунад.

Соли ҷорӣ Рӯзи ҳуқуқи инсон чунин ғояро зоҳир менамояд, ки ҳар рӯз – ин рӯзи ҳуқуқи инсон аст. Ин тасдиқи асосии Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башарро оиди он, ки ҳар яки мо дар нуқтаи дилхоҳи ҷаҳон ҳар вақт соҳиби спектри пурраи ҳуқуқҳо буда, ҳуқуқҳои инсон як хел ба ҳар яки мо таалуқ доранд ва моро ба як иттиҳоди ҷаҳонии ягона бо идеалҳо ва арзишҳои якхела нишон медиҳад.

Аз 2 то 10 декабри соли 2014 дар Тоҷикистон даҳаи «Рӯзи ҳуқуқи инсон», ки махсусан ба мавзӯи «Овози ҷомеаи маҳаллӣ дар раванди мубориза бар зидди шиканҷа» бахшида шудааст, баргузор гардида истодааст. Мувофиқи нақшаи мизи мудаввар ба ифтихори қабули Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҷониби СММ ба таври зерин гузаронида хоҳад шуд: 2 декабр дар Хоруғ, 3 декабр дар Ғарм, 4 декабр дар Хуҷанд, 8 декабр дар Қӯрғон-теппа ва 10 декабр дар ш. Душанбе.

3 декабри соли 2014 чунин мизи мудаввар дар Рашт баргузор гардид, ки Дафтари САҲАро дар Тоҷикистон хонум Юлия Рангелова-Мюллер Мушовири минтақавӣ дар Ғарм, ҷ-би Петер Ҳайник Мушовир оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хонум Ҷамила Шарифова Ёвари минтақавӣ ва ҷ-би Фирдавс Нуров Ёвари маъмурии Дафтари минтақавии САҲА дар Ғарм намояндагӣ карданд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки Рӯзи ҳуқуқҳои инсонро таҳти шиори «Пешгирии шиканҷа ва беҳтаркунии таҷрибаи мубориза алайҳи шиканҷа, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони боздоштшуда ва беҳтар намудани шароити кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар муассисаҳои иҷрои ҷазо ва дигар ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ»-ро ҷашн гирифтанд, иштирок намуданд. 

Барандаи мизи мудаввар – хонум Дилрабо Самадова Директори иҷроиявии ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» буда, оиди дастурҳои байналхалқӣ ва воситаҳои мубориза бо шиканҷа ва дигар намудҳои муомилоти бераҳмонаро шарҳ дод. Мавсуф натоиҷи фаъолияти Иттифоқи зидди шиканқаро доир ба баҳогузорӣ ва ҷамъбасти амалҳои татбиқшуда аз тарафи ҳокимияти тоҷик барои амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ва Стратегия оид ба мубориза бо шиканҷаро муаррифӣ кард. Мутобиқи баҳогузорӣ таҳкурсии ҳуқуқӣ то ҳол стандартҳои байналмилалиро инъикос намекунад, дастрасии мустақимро ба ҳабсҳои пешакӣ ва ҳабсхонаҳо барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ пешниҳод намекунад.  

Ҷ-би Алӣ Бобоназарзода Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия мухтасар дар бораи раванди ислоҳоти милитсия дар ҶТ гуфта дод ва муҳимияти боварии тарафайнро байни милитсия ва ҷомеа қайд намуд.

Дар рафти мизи мудаввар инчунин дигар масоил, ки аз ҷумла ба амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва дигар мушкилоти бо шиканҷа вобаста буда ҷалб шудааст, муҳокима гардид. Бо ин мақсад, иштирокчиён тавсияҳои зеринро барои ислоҳоти қонунгузорӣ омода сохтанд:  

-       қатъ кардани даъвати маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ ва кӯтоҳ кардани муддати гузариши хизмати ҳарбӣ барои ҷавонмардон;

-       хизмати ҳарбӣ бояд ихтиёрӣ ва пардохтшаванда бошад;

-       пурқувват намудани назорат ва ӯҳдадории афсарон нисбат ба расму оини хушунатона ҳангоми гузаштани хизмати ҳарбӣ;  

-       афзалиятҳо бояд ба оилаҳое пешниҳод карда шаванд, ки писаронашон дар қӯшунҳо хизмат мекунанд, масалан, таъмин бо замин ва ё ёрии молиявӣ, махсусан барои модарони яккаву танҳо;

-       васеъ намудани дастрасии ҳомии ҳуқуқ ба мизоҷонашон;

-       кафолати амният ва амнияти шахсӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ, ки бо парвандаҳои вобаста ба шиканҷа сару кор доранд, бояд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мустаҳкам гардонида, бо кафолати он таъмин бошанд;

-       пешниҳоди маслиҳати ройгони ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагони шиканҷа ва аъзоёни оилаи онҳо;

-      ташкили чорабиниҳои маълумотӣ-маърифатӣ ва семинарҳо барои шунавандагони зиёд оиди озодӣ аз шиканҷа.

Санаи 8 декабри соли 2014 дар шаҳри Қӯрғон-теппа низ чунин мизи мудаввар баргузор гардид. Мақсади чорабинии мазкур аз ҷашн гирифтани Рӯзи ҳуқуқҳои инсон дар соли 2014, додани имконият барои арз кардан ба намояндагони ҷомеаи шақрвандӣ ва институтҳои вилояти Хатлон оиди мушкилоти асосӣ ва пешравӣ дар ҷаҳорчӯбаи раванди пешгирии шиканҷа, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони боздоштшуда ва беҳтар намудани шароити кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар муассисаҳои иҷроиши ҷазо ва дигар ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ иборат буд.

Мизи мудаввар дар Қӯрғон-теппа чун давоми ду вохӯриҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯбаи як мавзӯъ дар вилояти Суғд ва минтақаи Рашт гузашт. Вохӯриро хонум Ойниҳол Бобоназарова, ки Иттифоқи зидди шиканҷаро муаррифӣ мекард,  сарварӣ кард.

Дар вохӯрӣ аз номи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Дариус Пампарас Ҳамоҳангсози лоиҳаи ислоҳоти милитсия, ҷ-би Чарлз Болланд Мутахассис оид ба масоили волоияти қонуни Раёсати ченаки инсонӣ ва ҷ-би Ҳайдар Маҳмадиев Афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия ширкат варзиданд.

Дар давоми даҳаи “Рӯзи ҳуқуқҳои инсон” намояндагони институтҳои давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ, м ақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, Омбудсмен ва дигарон иштирок намуда, корҳои зеринро ба сомон мерасонанд: 

•       баҳогузорӣ ба комёбиҳои ноилшуда дар чаҳорчӯбаи фаъолияти хеш нисбати ҳимоя аз шиканҷа, таъсири Ҳукумат оиди масоили пешгирии ин омил ва иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа, маърӯзагузори махсус оиди масоили шиканҷа ва Кумитаи СММ оиди ҳуқуқҳои башар;

•       дар сатҳи маҳаллӣ муҳокима намудани масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба шиканҷа;

•       таҳия намудани тавсияҳо оиди пешравии сиёсати давлатӣ, ки бар зидди шиканҷа равона шудааст.

Санаи 10 декабр мизи мудаввари хотимавӣ дар ш. Душанбе хоҳад гузашт, ки дар он тавсияҳои мизҳои мудаввари минтақавӣ баррасӣ карда мешаванд. Иштирокчиён инчунин ҳамкории ояндаро байни давлат ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оиди пешгирӣ ва огоҳонидани шиканҷа муҳокима хоҳанд кард.

Шарикон