Омӯзиш барои муфаттишон

Аз 24 то 28 ноябри соли 2014 Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар толори маҷлиси хеш омӯзишро дар хусуси азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ташкил карда истодааст. Устодон коршиносони боистеъдод доир ба ташхиси криминалистии Британияи Кабир ҷ-би Роберт Ламбун ва ҷ-би Ҷон Эйрес буда, дорои таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳои ин соҳа дар тамоми ҷаҳон мебошанд.

Дар рафти омӯзиш 30 муфаттишони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба монанди Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва Прокуратураи генералии ҶТ иштирок карда истодаанд.

Чорабинии мазкур бо мақсади такмили малакаҳои амалии муфаттишон аз мақомотҳои дар боло зикршуда дар бобати азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва барқароркунии далелҳои судӣ баргузор шуда истодааст.

Ҳозирин мавзӯъҳои зеринро баррасӣ хоҳанд кард: Тасвири видеоӣ аз ҷойи ҳодиса баҳри санҷиши дониш, Ҷамъоварии далел ва комилии он, Ташкили амалиёти ташхисӣ дар ҷойи содиршавии ҷиноят, Ташкили амалиёти ташхисӣ дар ҷойи содиршавии ҷиноят ва баррасии ҷинояти мушаххас, Пайи ангуштон, Аксгирӣ, Бақайдгирии геномӣ, Таҳлили намунаҳои хун, Баллистика, Дигар намудҳои далелҳо, Саҳнаи сохтаи ҷиноятӣ, Тавсифи саҳнаи сохтаи ҷиноӣ, Ариза/баёнот, Пешниҳоди далелҳои судӣ дар мурофиаи судӣ ва Рӯбарӯкунии судӣ.      

Мураббиён дар хусуси таҷрибаҳои беҳтарини байналхалқӣ дар ин соҳа бо иштирокчиён табодул хоҳанд кард.

Санаи 28 ноябри соли 2014 маросими пӯшидашавии омӯзиш ва супоридани сертификатҳо ба иштирокчиён дар назар дошта шудааст.

Шарикон