Омӯзиш дар мавзӯи рондан дар шароити таъҷилӣ
- Details
- Нашр гардид 17 Ноябр 2014
Имрӯз, 17 ноябри соли 2014, дар бинои Дафтари САҲА дар Тоҷикистон омӯзиши 5-рӯза дар мавзӯи «Рондан дар шароити/ҳолати таъҷилӣ» оғоз гардид. Дар кори омӯзиши мазкур 12 корманди ВКД аз ротаи алоҳидаи хадамоти патрулӣ-пайроҳадории Раёсати БДА ва аз шӯъбаву раёсатҳои махсусе, ки шахсони мансабдорро ҳамроҳӣ мекунанд, ширкат варзиданд.
Омӯзишро аз 17 то 21 ноябри соли 2014 коршинос Роберт Рейфшнайдер гузаронида истодааст.
Чорабинии мазкур дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ислоҳоти милитсия, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба имзо расидааст, баргузор шуда истодааст. Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба зиммаи хеш ӯҳдадориҳоро оид ба кӯмаки машваратӣ ва мустаҳкамкунии иқтидори милитсия гирифтааст. Ин ташаббус ба талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи пешрави байналхалқӣ роҷеъ ба дастгирӣ намудани омӯзиш, тайёрии хадамот ва роҳбарони махсуси милитсия дар мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунад. Мақсаду вазифаҳои омӯзиши зикрнамуда аз такмили малакаҳои ронандагии назариявӣ ва амалӣ дар ҳолатҳои таъҷилӣ ва вазъи обу ҳавоӣ ҳангоми иҷроиши вазифаҳои хизматӣ иборат мебошад. Зимни омӯзиш иштирокчиён малакаҳои муосири тарзу усули аз ҳолатҳои лағжиш баромадан, тормоздиҳии таъҷилӣ, тормоздиҳӣ дар гардишҳо, канорагирӣ кардан аз монеаҳо, лағжишҳо, кӯлмакҳо ва даромад/баромад ба/аз гардишро аз худ хоҳанд кард. Дар қисми дуввуми ин омӯзиш ҳозирин бо назария ва амалияи шинонидани «хорпуштак», таъмини муҳофизаи пайравон, таъқиб, рондани босуръат, рондан дар шароити бероҳӣ, кашола карда бурдан (буксир/ядаккашӣ) ва ғайра шинос хоҳанд шуд. Қисми асосии омӯзиш дар машқгоҳҳои махсус кардашуда баҳри беҳтаркунии малакае, ки дар бахши назариявӣ омӯхта шуд, хоҳад гузашт.
Дар фарҷоми омӯзиш, дар маросими пӯшидашавӣ ба иштирокчиён сертификатҳо супурда мешаванд.