Вохӯрии кормандони БИДҲИ бо роҳбарияти ВКД ҶТ
- Details
- Нашр гардид 30 Октябр 2014
Рӯзи 29 октябри соли 2014 намояндагони Бюрои САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БИДҲИ/САҲА) ҷ-би Ричард Лаппин Мушовири калон оид ба интихобот, ҷ-би Алексей Громов Мушовир оиди интихобот ва хонум Мария Чепурина корманди Барномавии Ассамблеяи парлумонии САҲА бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) вохӯрданд.
Вазорати корҳои дохилиро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Икром Умарзода ва Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Зумрад Солиева муаррифӣ намуданд. Дар рафти мулоқот масоили таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти он ҳангоми гузаронидани маъракаи интихоботӣ ва давраи омодагӣ ба интихобот аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ шуд. Инчунин масоил оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар масоили марбут ба салоҳияти БИДҲИ муҳокима гардид. Ҳайати намояндагони БИДҲИ/САҲА оиди баҳодиҳии талабот (ҲНБТ) ба интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон аз 27 то 29 октябри соли 2014 ташриф овард. Сабаби ин сафар арзёбии вазъи пеш аз интихобот ва омодагӣ ба интихобот, инчунин пешниҳод кардани тавсияҳо оид ба фаъолияти имконпазири БИДҲИ/САҲА дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ буд.
Мувофиқи усули стандартии БИДҲИ/САҲА, мақсади ташрифи ҲНБТ аз арзёбии вазъи пешазинтихоботӣ ва омодагӣ барои интихоботи парлумонӣ иборат буд. Дар асоси ин баҳодиҳӣ, ҳайати намояндагон бояд тавсияҳоро оиди зарурати густариши фаъолияти БИДҲИ/САҲА марбут ба интихоботи дарпешистода таҳия сохта, пешниҳод намояд. Сипас ҲНБТ оиди амалӣ сохтан ё насохтани ягон намуди фаъолияти БИДҲИ/САҲА-ро вобаста ба интихоботи қарибулвуқӯъ тавсияҳо омода сохта, дар тавсияҳои дахлдор бошад - кадом намуди фаъолият бештар ба талаботи муайян кардашуда мувофиқ аст, шарҳ медиҳад.
Зимни ташрифи хеш ҲНБТ ҳамчунин бо намояндагони дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони корпуси дипломатии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон расман шинохташуда мулоқотҳо гузаронид.