Вохӯрии Зергурӯҳи корӣ дар ш. Кӯлоб

Вохӯрии навбатии Зергурӯҳи корӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия 22 октябри соли 2014 дар дафтари САҲА дар шКӯлоб баргузор гардид.

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳоти милитсия ҷ-би Али БобоназарзодаАфсари миллии лоиҳаи ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Фирдавс ОдинаевМутахассис дар Дафтари минтақавии САҲА дар Хатлон хонум Эрика Масиеранамояндагони ҳизбҳои сиёсии Ҳизбинаҳзати исломи ТоҷикистонҲизби халқӣ-демократии Тоҷикистонкормандони милитсиянамояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣҳуқуқшиносонҳомиёни ҳуқуқи инсонҳамчунин дигар иштирокчиёни ҷомеаи шаҳрвандӣ,ки мавқеъи фаъоли шаҳрвандии хешро доранддар чорабинӣиштирок карданд.

Тибқи барномаи рӯз лоиҳаи Қонун «Оид ба политсия» баррасӣ ва коркард шуд. Зимни вохӯрӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ҷ-би Бобоназарзода ба иштирокчиён оид ба рафти таҳияи лоиҳаи Қонун «Оид ба политсия» ва раванди ислоҳоти милитсия дар умум иттилоъ дод. Мавсуф ба маълумоти ҳозирин расонид, ки мутобиқи Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти рақами №296, ду ҳуҷҷат тасдиқ карда шудааст: Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва Нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии он. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои мазкур таҳия ва қабули Қонуни нав «Оид ба политсия» ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз он вориди тағйирот дар сиёсати кадрӣ, дар системаи таълимии Академияи ВКД ҶТ, дар муайянкунии вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои асосии политсия, ҳамчунин дар номи милитсия пешбинӣ шудааст.          

Бар замми ин, ҷ-би Бобоназарзода намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро хабардор кард, ки аз санаи 8 то 11 октябр мизи мудаввар ташкил карда шуд, ки ба он коршиносон аз вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ ва сафоратҳо, инчунин коршиноси байналмилалӣ аз Полша, даъват шуда буданд. Дар фарҷоми мизи мудаввар як қатор тавсияҳо оид ба Қонун қабул шуда, ҳозирин ба қарор омаданд, ки лоиҳаи Қонунро кор карда бароянд. Намояндагони Зергурӯҳи кории ш. Кӯлоб ба Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва ба кормандони миллии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба масоили ислоҳоти милитсия пешниҳод карданд, ки дар байни аҳолӣ, алалхусус дар байни ҷавонон ба воситаи радио, телевизион ва рӯзномаҳои ВАО маъракаҳои ахборотиии васеътарро гузаронанд. Аз рӯйи фикру андешаҳои онҳо, аҳолӣ оиди ислоҳоти системаи ВКД ҶТ маълумоти кофӣ надорад, ки дар натиҷа иштироки на он қадар фаъоли шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия мушоҳида карда мешавад.                

Кормандони миллии лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия ва Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳоти милитсия аз иштирокчиёни мулоқот хоҳиш карданд, ки дар рафти коркарди лоиҳаи асосии қонун фаъол бошанд, зеро он минбаъд тамоми пешрафти ислоҳоти милитсияро муайян мекунад. 

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор гардид.

Шарикон