Омӯзиш дар мавзӯи “Сарварӣ ва идоракунии ислоҳоти милитсия”

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тибқи дархости Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) омӯзиши панҷрӯзаро оид ба масоили сарварӣ ва идоракунии раванди ислоҳоти милитсия аз 13 то 17 октябри соли ҷорӣ ташкил карда истодааст.

Баргузории чунин омӯзиш дар нақшаи солонаи фаъолияти Шӯъбаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин дар чаҳорчӯбаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Иштирокчиёни чорабинии мазкур 15 корманди ҳайати роҳбарикунандаи ВКД ҶТ буда, омӯзгорон бошанд ҷ-би Алгирдас Стончайтис ва ҷ-би Алвидас Шакочиюс – ду корманди ботаҷрибаи Департаменти полиси ВКД Ҷумҳурии Литва мебошанд, ки вазифаҳои Муовини Комиссари Полис ва Сармушовирро ишғол мекунанд.  

Омӯзиши рӯзи аввалро Коршиноси САҲА Славомир Сибулски гузаронд, ки қабл аз ин ба коркарди лоиҳаи Қонун “Оид ба политсия” ҳиссагузор буд. Мавсуф ба иштирокчиёни омӯзиш роҷеъ ба полиси Лаҳистон, таҷрибаи ин кишвар ҳангоми амалисозии ислоҳоти полиси Лаҳистон, раванди интихоби кадрҳо ба полис, назорати дохилӣ ва берунӣ дар полис ва омӯзиши касбии кормандони полис, яъне барномаҳои таълимии модулӣ гуфта дод.    

Дар назар аст, ки дар давоми тамоми омӯзиш, ҳозирин мавзӯҳои мазкурро баррасӣ мекунанд: ҳайати идоракунии ислоҳоти милитсия, ҳадаф ва стратегияи ислоҳоти милитсия, манбаъҳои ислоҳоти ШКД, тартибу низоми ислоҳоти милитсия, тағйирот ва усулҳои идоракунии он, вазифаҳои политсия дар ҷомеаи муосир, стандартҳои ташкилот ва фаъолияти политсия, сохтори ташкилоти политсия, идоракунии захираҳои инсонӣ дар политсия, сарварӣ чун шакл ва усули идоракунии рушд, идоракунии хавф: политсия ва сиёсат, идоракунии хатар, коррупсия, сӯиистифода ва тобеият, таъминоти ҳуқуқии фаъолияти политсия, таъминоти молиявии политсия ва таъминоти техникии политсия, ҳамчунин саволҳои иловагие, ки аз ҷониби иштирокчиён дода мешеаванд, муҳокима хоҳанд шуд.   

Санаи 17 октябри соли 2014 сертификатҳо супорида шуда, маросими пӯшидашавӣ баргузор мегардад.

Шарикон