Мизи мудаввар барои баррасии қонуни ҶТ “Оид ба полис”
- Details
- Нашр гардид 08 Октябр 2014
Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон рӯзи 8 октябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари чаҳҳоррӯза барои муҳокимаи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба полис” ба кори худ шурӯъ кард.
Мизи гирдро роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия, муовини Вазири корҳои дохилии ҶТ, генерал-майори милитисия Умарзода Икром ифтитоҳ намуд. Дар ин чорабинӣ сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ-Муродов Дустмурод, роҳбари Кумитаи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии ҶТ-Маҳмудов Насрулло, намоянда аз Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният-Холов Саттор, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитисия Бобоназарзода Алиҷон, роҳбарони раёсатҳои гуногуни ВКД, кормандони Академияи ВКД ва аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон сафир-Маркус Мюллер, сардори Шӯъбаи сиёсиву ҳарбии Дафтари САҲА- Флеминг Ҳансен, Мушовир оид ба мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтар - Питер Ҳайник, намояндагони зергурӯҳи “Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия” аз ш.Душанбе, Хуҷанд, Ғарм, Кулоб, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ, дастаи миллии САҲА оид ба ислоҳоти милитсия ва дигар намояндагони созмонҳои байналмилаливу сафоратхонаҳо иштирок доранд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар барои муҳокимаи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба полис» ҷамъ омада, давоми рӯзҳои корӣ фикру ақидаи дар худро дар мавриди лоиҳа пешниҳод хоҳанд кард. Дар давоми чаҳор рӯз ашхоси зерин бо маърӯза баромад хоҳанд кард: генерал-майор Кабирзода Ҷӯрахон, сардори Раёсати нозиротӣ – ташкилии ВКД, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ, коршиноси байналмилалӣ аз Полша- Славомир Сибулский, Мушовир оид ба мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА-Питер Ҳайник, Афсари миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Дафтарии САҲА- Ҳайдар Маҳмадиев, намояндагони Гурӯҳи кории “Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия”.
Маълумоти муфассал пас аз хотимаи мизи гирд нашр мегардад.