Вохӯрии навбатии Зергурӯҳи корӣ дар Хуҷанд
- Details
- Нашр гардид 18 Август 2014
18 августи соли 2014 дар Дафтари минтақавии САҲА дар Хуҷанд мулоқоти навбатии Зергурӯҳи корӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд, аз ҷумла: ҳуқуқшиносон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, инчунин кормандони миллии лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиёнро бо рафти таҳиясозии лоиҳаи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (минбаъд Низомнома) ва лоиҳаи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» шинос намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки тибқи қарори дар вохӯрии навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия (сатҳи сиёсӣ) қабулшуда, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ Гурӯҳикорӣ оид ба коркарди лоиҳаи Низомнома таъсис дода шуд. Илова бар ин, ба кормандони масъули ВКД ҶТсупориш дода шуд, ки дар ҳама Раёсатҳои корҳои дохилӣ утоқҳо барои Шӯроҳои ҷамъиятӣ ҷудо намуда, ҳамзамон барои ташкил намудани Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бахшида ба мавзӯи “Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия” омодагӣ бинанд.
Ба маълумоти иштирокчиёни вохӯрӣ расонида шуд, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти рақами 296, ду ҳуҷҷат: Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи чорабинҳо барои амалисозии он қабул шудаанд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои мазкур омода карданиҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ба нақша гирифта шудааст, ки қабули он боиси дар муддати кӯтоҳ ба амал омадани тағйиротҳо дар иваз шудани номи милитсия, тағйир ёфтани сиёсати кадрӣ, муайянсозии вазифа ва ӯҳдадориҳои асосии милитсия мегардад. Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии ҶТ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»-ро таҳия намуд, ки он дар сомонаи ВКД санаи 20 майи соли 2014 ҷой дода шуд.
Кормандони миллии лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия дар ҷараёни вохӯрӣ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд, мутахассисон, коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон хоҳиш карданд, то дар раванди омодасозӣ ва муҳокимаи лоиҳаи асосии қонун, ки ояндаи ислоҳоти милитсия аз он вобастагӣ дорад, фаъолона иштирок намоянд.
Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор шуд.