Мулоқоти навбатии Зергурӯҳи корӣ дар Хоруғ

Мулоқоти навбатии Зергурӯҳи корӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия санаи 31 июли соли 2014 дар идораи ташкилоти ғайридавлатии “Мадина” дар ш. Хоруғ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ: ҳуқуқшиносон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, инчунин Мушовири калони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони миллии лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия ҳузур доштанд.

Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён роҷеъ ба рафти таҳиясозии лоиҳаи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (минбаъд Низомнома) ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» маълумот пешниҳод шуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки тибқи қарори дар вохӯрии навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия (сатҳи сиёсӣ) қабулшуда, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ Гурӯҳи корӣ оид ба коркарди лоиҳаи Низомнома таъсис дода шуд. Илова бар ин, ба кормандони масъули ВКД ҶТ супориш дода шуд, ки дар ҳама Раёсатҳои корҳои дохилӣ утоқҳо барои Шӯроҳои ҷамъиятӣ ҷудо намуда, ҳамзамон барои ташкил намудани Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бахшида ба мавзӯи “Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия” омодагӣ бинанд.

Мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ Бухориев ба маълумоти иштирокчиёни вохӯрӣ расонид, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти рақами 296, ду ҳуҷҷат: Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи чорабинҳо барои амалисозии он қабул карда шудаанд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои мазкур омода кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ба нақша гирифта шудааст, ки қабули он боиси дар муддати кӯтоҳ ба амал омадани тағйиротҳо дар иваз шудани номи милитсия, тағйир ёфтани сиёсати кадрӣ, муайянсозии вазифа ва ӯҳдадориҳои асосии милитсия мегардад. Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии ҶТ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»-ро таҳия намуд, ки он дар сомонаи ВКД санаи 20 майи соли 2014 ҷой дода шуд.

Кормандони миллии лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия дар ҷараёни вохӯрӣ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ, мутахассисон, коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон хоҳиш карданд, то дар раванди омодасозӣ ва муҳокимаи лоиҳаи асосии қонун, ки ояндаи ислоҳоти милитсия аз он вобастагӣ дорад, фаъолона иштирок намоянд.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор гардид.

Шарикон