Иқдоми несту нобуд кардани маводи нашъаовар

Имрӯз, 24 июли соли 2014 кормандони Дафтари САҲА дар Тоҷикистон раванди несту нобуд кардани моддаҳои нашъадорро дар оташдони корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиктекстилмаш” мушоҳида карданд.

Дар ин чорабинӣ Ҳамоҳангсози лоиҳаи ислоҳоти милитсия Дариюс Пампарас Дафтари САҲА-ро намояндагӣ мекард.

Иқдоми мазкурро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кард. Ҳамагӣ дар оташдони “Тоҷиктекстилмаш” 75 кило ҳероин, 352 кило ҳашиш, 24 кило афюн, 28 кило бангдона ва зиёда аз 4,000 буттаи гурӯҳи бангдона. 

Дар раванди сӯзонидани маводи нашъаовар ҳамчунин намояндагони ВАО ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир буданд. 

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар панҷ соли охир Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи барнома оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ ҳар сол чорабиниҳои мухталифи зиддимухаддиротӣ гузаронида, иқдомҳои маданӣ ва оммавиро бо шиори “Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир” маблағгузаронӣ мекунад.    

Лоиҳаи “Гузаронидани чораҳои пешгирикунанда тавзеҳотии зиддимухаддиротӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ”, иқдоми “Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ”, Спартакиада оид ба мубориза бо маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ва дигар чорабиниҳо татбиқ карда шудаанд.

Шарикон