Конфронси САҲА «10 солагии Нақшаи Чорабиниҳои САҲА оид ба пешбурди баробарии гендерӣ»

Рӯзҳои 10-11 июли соли 2014 дар бинои Маркази Конгресси Ҳофбург (ш. Вена, Австрия) конфронс бахшида ба 10-солагии Нақшаи Чорабиниҳои САҲА оид ба масъалаҳои гендерии соли 2004, ки ҳуҷҷати муҳими САҲА оид ба баробарии гендерӣ мебошад, баргузор гардид. Дар конфронс аз ҷониби шарикони миллӣ на танҳо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва доираи олимон, балки инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ҶТ) дар ин конфронс ҳайати намояндагон таҳти сарварии Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, ки дар рӯзи дуввуми конфронс дар мавзӯи «Мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон» баромад кард, муаррифӣ карданд.

Дар суханронии худ, ҷаноби Умарзода зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати узви САҲА, тамоми саъю кӯшишро баҳри татбиқи Нақшаи амалиёти САҲА оид ба масоили гендерӣ барои таҳкими баробарии гендерӣ ба харҷ медиҳад. Ӯ дар бораи сиёсати давлатии ҳамаҷониба оид ба масоили гендер сухан ронда, дар хусуси доираи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт шарҳ дод.

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабулшавии Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила соли 2012 аз ҷониби Тоҷикистон таъкид карда, зикр намуд, ки сипас тағйироти дахлдор ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ  ва ҳуқуқӣ ворид карда шуд. Мувофиқи суханони мавсуф: «аслан ба наздикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оиларо тасдиқ кард. Дар баробари ин, Гурӯҳи Машваратии Парлумонӣ кори худро роҷеъ ба таҳияи механизмҳои ҳуқуқӣ барои амалисозии Қонун оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила идома дорад».

Ҷ-би Умарзода қайд намуд, ки мустаҳкамкунии иқтидори ҷинси занона дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ ин шарти асосиест барои таъмини амнияти ҳамбаста. Дар баробари ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нақши асосиро дар пешгирӣ ва таъқиби ҷиноии хушунати хонаводагӣ мебозанд. Айни замон 5 шӯъбаҳои махсусгардонидашудаи милитсия барои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва 16 марказҳои бӯҳронӣ дар соҳаи пешгирии хушунати хонаводагӣ фаъолият мекунанд ва инчунин ба ҷабрдидагон, ки ба зӯроварӣ дар оила дучор шудаанд, кӯмак мерасонанд. Дар барномаи таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҶТ курсҳои махсус оид ба пешгирӣ ва таъқиби ҷиноятии хушунати хонаводагӣ ворид карда шуданд. Ҳарчанд дар милитсия бисёр занон кор кунанд ҳам, дар доираи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон, ВКД механизмҳои махсусро барои рушди минбаъдаи мувозинати гендерӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тарҳрезӣ хоҳад кард.

Шарикон