Вазорати корҳои дохилӣ конфронси ҷумҳуриявиро оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия гузаронида истодааст
- Details
- Нашр гардид 20 Июн 2014
Чӣ тавре қаблан хабар дода будем, санаи 19 июни соли 2014 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва фасод» баргузор гардид.
Пас аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.
Сипас Худоёрзода Бахтиёр Тавар - Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Салимзода Шерхони Одина - Прокурори генералии ҶТ, Ятимов Саймумин Сатторович - Раиси Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб - Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, ҳамчунин Сафири ИМА дар Тоҷикистон - Сюзан Эллиот ва Сафир Маркус Мюллер - Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазони Ҳамро дар маърӯзаи хеш оид ба стратегияи сиёсати давлатии ҶТ роҷеъ ба мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм тамоми чораҳои ҷиддиро андешида истодааст, зеро масоили мазкур ба тамоми ҷаҳон таҳдид менамояд.
Маркус Мюллер Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар баромади ифтитоҳии хеш таъкид намуд, ки “САҲА дар мубориза бо зӯроварии ифротгароӣ ва тунгароии ба терроризмбаранда (ЗИТТБ/VERLT), нақши муҳим мебозад. Мо бояд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони рӯҳониён баҳри ноил шудан ба натоиҷи дилхоҳ якҷоя кор кунем”. Сафир Мюллер зикр намуд, ки Гурӯҳи корӣ, ҳайаташ иборат аз вазоратҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи САҲА оид ба VERLT, бо мақсади таҳияи Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди VERLT созмон дода шуд. Ҳамзамон, Барномаи ислоҳоти милитсия дар САҲА фаъолият мекунад, ки инчунин дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар масоили рӯзмарра саҳм мегузорад.
Намояндагони Шӯрои муфтиёни вилояти Суғд, Ҳукумати ҶТ оид ба дин ва танзими ҷашну маросимҳо, Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Академияи ВКД ҶТ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, масҷидҳо, Шӯрои уламо, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддири ВКД ҶТ бо маърӯзаҳои хеш баромад карданд.
Коршиноси САҲА аз Федератсияи Россия - Владимир Загрибелин дар мавзӯи “Раванди ҷиноятҳои муосири кибернетикӣ ва кибертерроризм” баромад намуда, дар мавриди таҳдиди ҷиноятҳои кибернетикӣ дар тамоми ҷаҳон ва дар ҳама сатҳ гуфта дод. Ҷаноби Загрибелин махсусан ҳамкории ҶДМ “Гурӯҳи амнияти ахборотӣ”-и Федератсияи Россия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор кард, ки минбаъд ҳамкориҳо дар ин самт тавсеа хоҳанд ёфт.