САҲА барои баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ ба ВКД ҶТ кӯмаки моддӣ расонид

Фардо, рӯзи 19 июни соли 2014 конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» дар толори калони маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза»баргузор хоҳад шуд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи ВКД ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,Шӯрои муфтиёни вилоятҳои ҶТ, Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, имом-хатибони масҷидҳо ва Шӯрои уламо иштирок менамоянд. Ҳамчунин, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ,ходимони дин ва рӯҳониёни гуногун ҳузур хоҳанд дошт.

Аз ҷониби САҲА коршинос аз Федератсияи Россия Владимир Загрибелин бо маърӯза дар мавзӯи «Раванди ҷиноятҳои муосири кибернетикӣ ва кибертерроризм» баромад хоҳад кард.

Шарикон