Ҷаласаи солонаи коршиносони соҳаи политсия дар Австрия

Имрӯз дар бинои Ҳофбург, дар Вена (Австрия) ҷаласаи навбатии солонаи коршиносони соҳаи политсия ба кори худ шурӯъ намуд, ки он аз ҷониби раисии Шветсария ва котиботи (сардафтари) САҲА ташкил карда шуд.

Ҷаласаи солонаи коршиносони соҳаи политсия дар соли 2014 ба мавзӯи ба роҳ мондани ҳамкории бевоситаи фаромарзӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ҳокимияти судӣ дар давлатҳои иштирокчии САҲА бахшида шудааст.

Намояндагони мақомотҳои дахлдори сохторҳои адолати ҷиноии давлатҳои иштирокчӣ (мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, суд) аз 37 мамлакат ва ташкилотҳои байналмилалӣ дурнамо, технологияҳои замонавӣ ва мушкилоти чунин ҳамкориҳои дутарафа ва бисёртарафа дар минтақаи САҲА мавриди баррасии муфассал қарор хоҳанд дод.

Илова бар ин, коршиносони Адолати ҷиноии сохторҳои иҷроияи САҲА ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ таҷрибаҳои беҳтарини хешро дар мавриди ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳои фаромарзӣ бо ҳамдигар мубодила хоҳанд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мизи мудаввар Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғди ҶТ полковники милитсия Нуридин Пирумшоев, намояндаи Агентии назорати маводи мухаддири назди Ҳукумати ҶТ ҷаноби Махмадзоҳир Давлатёров, Афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Ҳайдар Махмадиев ва Ёвар оид ба лоиҳаи ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Абдуманнон Саидов намояндагӣ мекунанд.

Тафсилоти бештар пас аз хотима ёфтани чорабинӣ нашр мешавад. 

Шарикон