Мулоқоти навбатии зергурӯҳи корӣ дар Шаҳритус

Рӯзи дигар, пас аз баргузории мулоқот бо Зергурӯҳи корӣ дар ш. Қӯрғонтеппа, кормандони миллии лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия дар ҳамон ҳайат ба ш. Шаҳритус ворид шуданд.

Нишасти навбатии Зергурӯҳи корӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия санаи 8 майи соли 2014 дар идораи минтақавии САҲА дар Шаҳритус баргузор гардид.

Зимни мулоқоти мазкур намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла, ҳуқуқшиносон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ҳамчунин кормандони мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд. Идораи минтақавии САҲА дар Шаҳритус аз ҷониби Ёвари он Саймуддин Лоиқов муаррифӣ шуд.

Дар рафти вохӯрӣ лоиҳаи Низомномаи Шӯрои Ҷамъиятӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (минбаъд Низомнома) муҳокима шуда, ворид намудани эроду пешниҳодҳо ба Низомномаи мазкур ва муколамаи ҷараёни ислоҳоти милитсия дар умум таҳти баррасӣ қарор гирифт.

Афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Ҳайдар Маҳмадиев ба иштирокчиёни ҳузурдошта роҷеъ ба ҷараёни амалисозии ислоҳоти милитсия иттилоот дода, ба маълумоти онҳо расонид, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти рақами 296, Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии он қабул карда шудаанд.

Сипас ҷ-би Маҳмадиев аз иштирокчиёни мулоқот хоҳиш намуд, ки эроду таклифҳои хешро барои ворид кардан ба лоиҳаи Низомнома пешниҳод кунанд. Ба иттилооти онҳо расонида шуд, ки лоиҳаи Низомнома дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи идоракунии ислоҳоти милитсия дар сатҳи сиёсӣ таърихи 16 майи соли 2014 баррасӣ хоҳад шуд. Иштирокчиёни вохӯрӣ фаъолона лоиҳаи Низомномаро муҳокима карда, мулоҳиза ва тавсияҳояшонро иброз намуданд, ки фавран ба ҳуҷҷати мазкур дароварда шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот қарор қабул шуд, ки аъзоёни Зергурӯҳ эроду пешниҳодҳои ниҳоиро дар мӯҳлати то 12 май равон мекунанд.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор гардид.

Шарикон