Баргузории мулоқоти навбатии Зергурӯҳи корӣ дар ш. Қӯрғонтеппа

Баъд аз вохӯрӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии ш. Кӯлоб, кормандони лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия дар ҳамон ҳайат ба ш. Қӯрғонтеппа сафарбар шуданд.

Мулоқоти навбатии Зергурӯҳи корӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия 7 майи соли 2014 дар идораи САҲА дар Қӯрғонтеппа доир гашт. Дар нишасти мазкур намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, ҳуқуқшиносон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ҳамчунин кормандони мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳузур доштанд. Дафтари минтақавии САҲА дар Қӯрғонтеппа аз ҷониби хонум Эрика Масиэро – Мутахассис дар дафтари минтақавӣ  ва хонум Фирӯза Султонова Ёвари минтақавӣ муаррифӣ карда шуд.

Мувофиқи барномаи рӯз лоиҳаи Низомномаи Шӯрои Ҷамъиятӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (минбаъд Низомнома), ворид кардани эроду пешниҳодҳо ба Низомномаи мазкур ва муколамаи ҷараёни ислоҳоти милитсия дар умум баррасӣ шуданд.

Ҷ-би Ҳайдар Маҳмадиев Афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни ҳузурдошта оид ба ҷараёни амалисозии ислоҳоти милитсия маълумот дод. Мавсуф ба иттилооти онҳо расонид, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти рақами 296, Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии он қабул карда шудаанд. Сипас ҷ-би Маҳмадиев аз иштирокчиёни мулоқот хоҳиш намуд, ки эроду таклифҳои хешро барои ворид кардан ба лоиҳаи Низомнома пешниҳод кунанд. Ҳуҷҷати мазкур дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳ оид ба идораи ислоҳоти милитсия дар сатҳи сиёсӣ санаи 16 майи соли 2014 баррасӣ хоҳад шуд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ лоиҳаи Низомномаро фаъолона муҳокима карда, мулоҳиза ва тавсияҳояшонро, ки фавран ба ҳуҷҷати мазкур дароварда шуданд, иброз намуданд.

Дар хотима, қарор қабул карда шуд, ки аъзоёни Зергурӯҳ эроду пешниҳодҳои ниҳоии хешро дар мӯҳлати то 12 май равон мекунанд.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор гардид.

Шарикон