Рӯнамоии Дастури амалӣ оид ба назорати макони нигоҳдории шахсони боздоштшуда дар милитсия

Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии матни русии Дастури амалӣ оид ба назорати макони милитсия барои нигоҳдории шахсони боздоштшуда, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Иттиҳод оид ба пешгирии шиканҷа (ИПШ) нашр шудааст, баргузор гардид.

Барои маълумот: ИПШ – ин ташкилоти ­ғайридавлатиест, ки ситодаш дар Ҷенева ҷойгир аст. Вазифаи асосиаш аз мусоидат дар паҳн намудан ва истифода бурдани Протоколи факултативӣ ба Созишномаи СММ бар зидди шиканҷаву дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё иззати нафсро пасткунанда (Созишномаи СММ бар зидди шиканҷа) иборат мебошад.

Аз ИПШ Метю Прингл, ки роҳбари барномаҳои Аврупоӣ ва Осиёи Марказии ИПШ мебошад, ва Ҷон-Себастян Бланк, ки ба ҳайси Мушовир оид ба назорати ҳабсхонаҳо кор мекунад, ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар ифтитоҳи рӯнамо афсари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои волоияти қонун Анна Кроули қайд намуд, ки САҲА ба худ ӯҳдадории муайянро оид ба муҳофизати ҳамаи одамон аз шиканҷа ва муомилаи бераҳмона қабул намуд. Бинобар ин, ҳамаи кормандон ва иштирокчиёни фаъолияти САҲА дар ҷойҳо қисми сохтори ташкилотро, ки ҳадафи он аз мусоидат кардан ба риоякунии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла мубориза бар зидди шиканҷа ва муомилаи бераҳмона иборат мебошад, муаррифӣ менамоянд.

Ӯҳдадории САҲА оиди маҳв кардани шиканҷа ва муомилаи бераҳмона бори аввал ҳангоми вохӯрӣ дар Вена соли 1989 зикр шуда буд. Он боз соли 1990 дар вохӯрии роҳбарият дар Париж баррасӣ гардида, дар вохӯрии Копенгаген соли 1990, вохӯрӣ дар Маскав соли 1991 ва вохӯрии роҳбарон дар Будапешт соли 1994 тасдиқ ва ислоҳ шуд.

Пас аз вохӯрӣ дар Копенгаген давлатҳо чораҳоеро кор карда баромаданд, ки барои кафолат додани иҷроиши самараноки ӯҳдадориҳояшон заруранд. Онҳо иброз доштанд, ки чораҳои самараноки қонунгузорӣ, маъмурӣ, судӣ ва дигар чораҳоро барои пешгирии шиканҷа ва муомилаи бераҳмона, инчунин барои ҷазо додани шахсони гунаҳкор дар ин амалҳо қабул менамоянд. Ба ғайр аз ин давлатҳо ӯҳдадор шуданд, ки масъалаи фавран ба Созишномаи СММ ҳамроҳ шуданро бар зидди шиканҷаву дигар намудҳои муомилаи бераҳмона, ғайриинсонӣ ё иззати нафсро пасткунанда ва ҷазо баррасӣ намоянд. Онҳо ба худ ӯҳдадории эътироф кардани салоҳияти Кумита оид ба назорати иҷроиши Созишнома, ки ҳуқуқи дастгирии равобити чӣ фардӣ, чӣ давлатӣ ва тафтиши аризаҳоро оид ба мавриди шиканҷаи мунтазам дорад, қабул карданд.

Давлатҳои иштирокчӣ инчунин ӯҳдадор шуданд кафолат диҳанд, ки кормандони ҳифзи тартибот ва дигар шахсони дилхоҳ, ки дар вилоятҳо кор мекунанд ва бо нигоҳдорӣ, тафтиш ё муомила бо шахсони аз озодӣ маҳрумшуда сару кор доранд, маълумот ва ахбороти мутобиқро мегиранд. Онҳо инчунин ӯҳдадор шуданд, ки қоидаҳо, дастурамалҳо ва усулҳои истифодашаванда, инчунин шароитҳои нигоҳдориву муомила бо чунин шахсонро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳанд.

Ҳангоми вохӯрии САҲА дар Маскав диққати махсус ба ҳуқуқҳои шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум ҳастанд, аз он ҷумла ҳуқуқи маҳбус ё адвокати ӯ барои пешниҳоди дархост ё арзу шикоят оиди муомила ва кафолати он, ки шахси чунин дархост ё шикоятро пешниҳодкарда ҷабрдидаи сӯиистеъмол намегардад, равона шуда буд.

Бар замми ин, ӯҳдадории САҲА оиди маҳви шиканҷа ва муомилаи бераҳмона бо ду ӯҳдадории зерин пурра шуд. Бо шахсоне, ки аз озодӣ маҳруманд, инсондӯстона ва бо эҳтиром нисбат ба шаъне, ки ба шахсияти инсон хос аст, муносибат бояд кард. Давлатҳои иштирокчӣ вазифадоранд кӯшиш намоянд, ки чораҳои заруриро оид ба беҳтар намудани шароите, ки дар он маҳбусон нигоҳ дошта мешаванд, бинанд.

Метю Прингл, ки бо маърӯза баромад кард, оид ба самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳод дар пешгирии шиканҷа гуфта дод. Шарти асосии ИПШ ва принсипи пешбарандаи протоколи факултативии Созишнома бар зидди шиканҷа (ПФСЗШ) аз ташрифҳои тасодуфӣ ба ҷойҳои нигоҳдории шахсони боздоштшуда иборат мебошад. Он пурсамартарин механизм барои муайян намудани хатари шиканҷа ва пешниҳод намудани ҳалли масъалаи пешгирии поймол намудани ҳуқуқҳое, ки бо истифодаи шиканҷа вобастагӣ доранд, мебошад. Чораҳои минбаъдаи назорат инчунин барои кафолат додани пешгирии шиканҷа муҳимияти махсус доранд.

Метю Прингл хоҳиши дар Тоҷикистон таъсис додани механизмҳои амаликунанда оиди ворид намудани маълумоти стандартҳои байналхалқиро ба системаи қонунгузорӣ хуш пазируфт. Ӯ Дастури амалиро оид ба назорати макони милитсия барои нигоҳдории шахсони боздоштшуда, ки аз ҷониби ИПШ таҳия гардидааст, ба ҳайси яке аз воситаҳои пешгрии шиканҷа номбар намуд. Ӯ кормандони милитсияро барои ҳамкории фаъол бо ҷамъияти шаҳрвандӣ даъват намуд, ки ба зиммаи намояндагони он ӯҳдадории бурдани назорат аз болои иҷроиши меъёрҳои пешбинишуда гузошта шудааст ва татбиқи онро давлат ба ӯҳдадориаш гирифтааст.

Шарикон