САҲА ва СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ семинари минтақавӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи терроризм гузаронида истодаанд

Семинари минтақавии «Табодули таҷрибаҳо дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади тафтишот ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятии марбут ба терроризм» бо ташаббуси Созмони милали муттаҳид (СММ) оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (ММҶ) дар ҳамкорӣ бо САҲА дар шаҳри Душанбе аз 10 то 12 декабри соли 2013 баргузор гардид.

Дар он тақрибан 35 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла намояндагони Прокуратураи Генералӣ, системаҳои назорати молиявӣ, раёсатҳои милии тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, инчунин судҳои шаҳрӣ ва Суди Олӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок карда истодаанд. Ҳадафи чорабинӣ аз мубодилаи таҷриба ва мушкилоти марбут ба амали бозгардонӣ, мадади ҳуқуқии мутақобила ва ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди терроризм  иборат аст. Пас аз муҳокимаи таҷрибаи миллӣ, ки аз ҷониби ҳайати намояндагони Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пешниҳод шуданд, намояндагони Бритонияи Кабир, ШМА, ИНТЕРПОЛ ва СММ ММҶ оиди таҷрибаи худ баромад карданд.

Улф Биллвинг, Мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки «дастгирии давлатҳои минтақа дар мубориза алайҳи терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар барномаи рӯзи САҲА ва Дафтари он дар Тоҷикистон мебошад». Ӯ мамлакатҳоро барои кори коллективӣ дар расонидани кӯмак ва мусоидат ба ҳамдигар баҳри ошкор кардан, пешгирӣ ва маҳви терроризм даъват кард, зеро худи терроризм сарҳадҳои давлатро эътироф намекунад.

Виктория Катлиф, Ҳамоҳангсози минтақавии лоиҳаи СММ ММҶ дар Қазоқистон, дар баромади ифтитоҳии худ зарурати ҳамкории байни давлатҳои Осиёи Марказиро дар соҳаи тадқиқ, мадади мутақобилаи ҳуқуқӣ ва амали бозгардонӣ таъкид намуд. Ӯ диққати иштирокчиёнро ба он омил ҷалб намуд, ки худи кормандони амалии даъватшуда муҳимтарин манбаъ барои ҳамкории минтақавии трансмарзӣ (аз ин сӯ ба он сӯи марз убуркунанда) ва мубодила мебошанд.

Семинари мазкур ҳанӯз давом дорад.

Шарикон