Тафтиши бехатарии занон ва кӯдакон дар бозори Корвон

Имрӯз, 9 декабр намояндаи миллии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия дар мизи мудавваре, ки дар он натиҷаи «Тафтиши бехатарии занон ва кӯдакон дар бозори Корвон» муҳокима гардид, иштирок намуд.

Мизи мудаввар дар маркази тиҷоратии пойтахт бо иштироки намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе, ташкилотҳои байналхалқӣ, бозори «Корвон», мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон баргузор гардид.   

Аудит аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази хештаншиносии/худшиносии занони шаҳри Душанбе» бо дастгирии Барномаи СММ оид ба занон гузаронида шуд. Тадқиқи мазкур дар доираи ташаббуси глобалии СММ «Шаҳрҳои бехатар ва хайрхоҳ барои ҳама» карда шуд.   

Барои маълумот: Ташаббуси ҷаҳонӣ  аз тарафи чунин сохторҳои СММ ба монанди СММ - Занон, Хазинаи Кӯдакони СММ ва СММ Ҳабитат дастгирӣ ёфта, барои рушди ҳамкории байни ҳокимияти маҳаллӣ ва ташкилотҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон мусоидат ва дастгирӣ мекунад. Он чораҳоеро, ки ба беҳсозии бехатарӣ ва пешгирии хушунат, инчунин паст намудани осебпазирӣ нисбат ба ҳамаи намудҳои зӯроварӣ равона шудааст, мебинад. Барнома инчунин ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии умумӣ оид ба роҳҳои самараноки пешгирӣ ва паст намудани хушунат нисбат ба занон, кӯдакон ва ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳрҳо мусоидат мекунад. Дар умум ҳашт давлати ҷаҳон барои татбиқи лоиҳа интихоб шудаанд: Бейрут (Ливан), Душанбе (Тоҷикистон), Метро Манила (Филлипин), Маррокеш (Марокко), Найроби (Кения), Рио-де-Жанейро (Бразилия), Сан-Хосе (Коста-Рика) ва Тегусигалпа (Гондурас).

Чӣ тавре, ки Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, ҷ-би Насрулло Хайруллоев дар сухани ифтитоҳии худ зикр намуд: «дар давоми ду соли аввал (марҳилаи 1) барнома гузаронидани фаъолияти зеринро ба нақша даровардааст: беҳтар намудани ҷамъоварии маълумот нисбати кӯдакон (махсусан духтарон), ҷавонон ва занон оид ба масоили зӯроварӣ, аз он ҷумла кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта ва таҷовуз ба номус; баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва ӯҳдадорӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқуқ ва имкониятҳо, ҳимояи иҷтимоӣ ва чораҳои бехатарӣ барои занон, кӯдакон ва ҷавонон дар байни мақомотҳои бехатарии шаҳрӣ ва давлатӣ; васеъ кардани ҳаҷми захираҳо ва саъю кӯшише, ки барои васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои занон ва муҳофизати кӯдакон (махсусан духтарон) дар гурӯҳҳои хавфи баланддошта, дар ноҳияҳои шаҳрӣ». Маҳз аз ин лиҳоз Ҳукумати шаҳри Душанбе баргузор намудани тафтиши бехатариро дар калонтарин бозори шаҳри мазкур дастгирӣ намуд.

Коршинос оид ба масоили гендерӣ Маргарита Хегай, ки ба ҳайси номзади илми иқтисодӣ муаррифӣ шуд, натоиҷи тафтишро пешниҳод кард. Ӯ шарҳ дод, ки методологияи тадқиқ, ки «воқеан чанд рӯз қабл аз оғози он тарҳрезӣ карда шуд, бинобар ин, баъзе натиҷаи тафтиш ба тадқиқи иловагӣ ниёз дорад».

Инак ӯ зикр намуд, ки «аксарияти соҳибкорони дар раъпурсӣ иштирок карда посух доданд, ки бо зуҳуроти зӯроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва шаҳватпарастӣ дар бозор вонахӯрдаанд ва ё ба ин саволҳо посух надоданро афзал донистанд». Чунин «натиҷа» боиси ба миён омадани суолҳо дар байни иштирокчиёни мизи мудаввар гардид, ки ба даст овардани ҳар гуна оморро хоҳиш намуданд. Аммо ба онҳо шарҳ дод шуд, ки аз сабаби танг будани вақти гузаронидани тафтиш омор ҳанӯз барои пешниҳод кардан омода нест.

Чунин натиҷаи тадқиқ ба монанди масоили суғуртакунӣ дар бозор суолҳоро ба вуҷуд меорад. Дар мавриди муқаррар кардани натиҷа ҷиҳати оне, ки ҳоло соҳибкорон «чораи интихоб карданро надоранд, зеро худи системаи суғурта вуҷуд надорад», коршинос ба ҳар ҳол такроран зикр намуд, ки бозор - ташкилоти тиҷоратист ва «тамоми хавфи гум кардани мол бар дӯши худи соҳибкорон аст».

Чунин ба назар мерасад, ки дар шароити бозори мутамаддин ва дохилшавии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ТУС), ҷорӣ намудани тартиби суғуртаи мол бояд вазифаи давлатӣ гардад, зеро дар шароити бозори хоҷагидорӣ талабот ба суғурта чандкарата меафзояд. Он дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, аз он ҷумла дар соҳаи чаканафурӯшӣ, зарур мегардад.       

Шарикон