Семинар дар мавзӯи «Кафолати ҳуқуқии дастрасӣ ба маълумот»

Рӯзҳои 2-3 декабри соли 2013, дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи “Кафолати ҳуқуқии дастрасӣ ба маълумот” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон», ки роҳбараш Сергей Романов мебошад ва, айни замон, Раиси зергурӯҳи «Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия» аст, баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинӣ ин мусоидат ба намояндагони ташкилотҳои иштирокчии Иттиҳоди Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ҳимоятгарон ва кормандони ВАО дар дастрас намудани маълумот оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дарёфти он иттилооте, ки диққати ҷамъиятро ҷалб менамояд, мутобиқи стандарти ҷаҳонӣ ва миллӣ дар соҳаи дастрасӣ ба маълумот буд.
Чӣ тавре ки Сергей Романов қайд намуд, дар семинар 25 намояндагони ташкилотҳои иштирокчии Иттиҳод ва рӯзноманигороне, ки ба масоили адлияи ҷиноӣ ва пешгирии шиканҷа равшанӣ меандозанду дар ин соҳа мутахассисанд, инчунин ҳимоятгарони амалӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМБК ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Мушовири калони Иттиҳоди ҷамъиятии “Партнерская группа Прецедент” (гурӯҳи ҳамкории “Претседент”) Фатима Якупбаева (ш. Бишкек, Қирғизистон) ба ҳайси коршинос баромад кард.
Дар раванди семинар коршиноси байналхалқӣ ба иштирокчиён усул ва техникаи дастрасӣ ба маълумоти ҷалбкунанда ва аз ҷониби шарикони қирғиз бомуваффақият истифодабарандаро шарҳ дод.
Чорабинӣ бо кӯмаки молии Фонди миллии дастгирии демократия (NED) гузаронида шуд.
Барои маълумот: Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» ин ташкилот оиди масоили ҳуқуқи инсон буда, он аз ҳуқуқшиносон ва гурӯҳи ҳимоятгарони дорои иҷозатнома, ки мутахассисони соҳаи ҳимояи манфиати ҷомеа мебошанд, иборат аст. Ташкилот иқтидори таҳлилии худро дорад. Ба фаъолияти он ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони амалӣ, ки дар омӯзишҳо оид ба ҳуқуқи ВАО иштирок кардаанд ва таҷрибаи амалӣ дар масъалаи дастрасӣ ба маълумот ва фаъолияти ВАО-ро доранд, ҷалб карда шуданд.

Шарикон