Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон тасдиқ шуд

Санаи 19 марти соли 2013, пас аз гузаронидани тамоми расмиёти (тартиботи) лозимии дохилӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ шудааст.

Бо Фармони мазкур Президент ба ВКД ҶТ супориш дод, ки гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ оиди таҳияи лоиҳаи «Барномаи рушди милитсия барои солҳои 2013-2020» шомил хоҳанд шуд.  

Ёдрас мешавем, ки лоиҳаи аввалини Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ таҳия шуда буд ва таърихи 26 сентябри соли 2011 дар ҷаласаи васеи Гурӯҳи корӣ оиди идоракунии ислоҳоти милитсия пешниҳод шуда буд.

Пас аз коркарди он аз ҷониби коршиносони миллӣ лоиҳаи Стратегия боз ҳам мавзӯи муҳокима дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оиди идоракунии ислоҳоти милитсия гардид, ки дар он чӣ коршиносони миллӣ ва чӣ байналхалқӣ иштирок карданд.

Моҳи августи соли 2012 лоиҳаи Стратегия дар сомонаи ВКД ҶТ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ барои муколамаи васеи омма ҷой дода шуд. 

Моҳи ноябри соли 2012 ҷаласаи калони Гурӯҳи доимии корӣ оиди идоракунии ислоҳоти милитсия доир гашт, ки дар он ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Пас аз муколама аз рӯи моддаҳо, коркарди охирини Стратегияи ислоҳоти милитсия тасдиқ шуд ва ба вазорату идораҳо барои риояи тартиботи дохилӣ пешниҳод шуд.

Моҳи январи соли 2013 лоиҳаи Стратегия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш шуда, 19 март ба имзо расид, чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тасдиқи он.

Аз рӯи гуфти Улфа Биллвинг, Мушовир оид ба масоили мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, «Фармони ба имзо расидашуда – ин як қадами ниҳоят муҳимест. Алъон мо метавонем ба марҳилаи дуввуми раванди ислоҳоти милитсия шурӯъ намоем. Дар асоси Стратегия мо Вазоратро дар тарҳрезии Барномаи ислоҳот ва рушди милитсия дастгирӣ хоҳем кард, ки он чун асос барои татбиқи лоиҳаҳои минбаъдаи ба ҳам алоқаманд хизмат хоҳад кард».

Шарикон