Мизи мудаввар оид ба эҳёи маҳбусон

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба эҳёи маҳбусоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба экстремизми зӯроварӣ ва терроризм маҳкум шудаанд, доир намуд.

ДУШАНБЕ, 16 январи соли 2013 – Мизи мудаввар дар мавзӯи масъалаҳои озод кардан, эҳё ва реинтегратсияи маҳбусоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба экстремизми зӯроварӣ ва терроризм маҳкум шудаанд, имрӯз дар Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба итмом расид.  

Чорабинии дурӯзаро Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо Институти (пажӯҳишгоҳи) Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ ва адлия (ЮНИКРИ), ки яке аз панҷ институтҳои тахассусӣ ва илмӣ-тадқиқотии СММ буда, дар Турин, Италия ҷойгир аст, ташкил намуданд.    

Дар ин чорабинӣ 16 коршиносони сатҳи байналхалқӣ ва 5 намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон иштирок намуданд, ки таҷрибаи ҷамъшудаи пешқадамро дар соҳаи пешгирии экстремизм ва радикализатсия дар ҳабсхонаҳо, аз он ҷумла дар Тоҷикистон,  муҳокима намуданд.    

«Ин муҳокима аввалин чунин чорабинӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад», - қайд намуд Алэстер Ливингстон, Сардори раёсати ҳарбӣ-сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон. «Иштирокчиён имконият доштанд, ки мубодилаи таҷриба намоянд ва саъю кӯшиши пешқадами байналхалқиро дар соҳаи пешгирии экстремизми зӯроварӣ ва радикализатсия, ки ба терроризм оварда мерасонанд, дар ҳабсхонаҳо омӯзанд».

Дуглас Стоун, мушовири калони ЮНИКРИ, изҳор намуд: «Кӯшишҳое, ки  барои ошкор намудан, мамониат, таъқибу дастгир кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани террористоне, ки бо мақсади пешгирии экстремизми зӯроварӣ равона шудаанд, бидуни амали зидди идеологияҳо, ки  барои ҷалби маҳбусон ба чунин ташкилотҳои ҷиноӣ имкон медиҳанд, самаранок намешаванд». Ӯ таъкид намуд, ки ин консепсия (ғоя) ҳамчунин як қисми стратегияи Глобалии зидди террористии СММ, ки ба барҳамдиҳии шароите, ки ба терроризм қувва мебахшад, равона шудааст.   

Ёдовар мешавем, ки айни замон Дафтари САҲА дар Тоҷикистон лоиҳаи ВЕРЛТ оиди мубориза бар зидди экстремизми зӯроварӣ ва радикализатсия, ки ба терроризм оварда мерасонад, амалӣ карда истодааст, ки дар он ба ҳамкорӣ дар ин самт байни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Шарикон